🔸 Матни пурсиш:
Оё ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ моро аз салаф олимтар ва фозилтар медонад?!
🔸 Матни посух:
Агар манзури шумо аз «Мо» шахси шумо ё ашхоси хосси дигаре дар пиромуни шумост, ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи шумо иттилоъ ва табъан қазовати хоссе надорад ва ба олимтар ва фозилтар будан ё набудани шумо аз салаф ҳукм намекунад, вале агар манзуратон «Навъи ояндагон» аст, эшон олимтар будан ва фозилтар будани «Навъи ояндагон» аз «Навъи гузаштагон» ро бо таваҷҷуҳ ба далоилӣ ақлӣ ва шаръӣ ки дар китоби «Бозгашт ба Ислом»[1] зикр фармудааст, «Мумкин» медонад ва мӯътақид аст ки олимтар будан ва фозилтар будани мутлақи салаф аз мутлақи ояндагон, бар хилофи пиндори касоне ки онро бадеҳӣ мепиндоранд, бадеҳӣ нест ва қатъӣ шумурда намешавад ва бо ин васф, тақлид аз онон бар пояи занн ба олимтар будан ва фозилтар буданашон, назар ба адами эътибори занн дар ислом, воҷиб балки ҷоиз нест. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1084/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев