Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд,
Сохиби даргох суям нур пошад буд
Гайри ин рох рохи дигар хам набошад буд
Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд?!
Ошиконашро хамеша дида мегаштам
Хар нафас болидатар болида мегаштам
Гирдгардон даври он печида мегаштам
Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд?!
Бар хама самти гарибй нукта мемондам
Хам гарибони дигар ин суй мехондам
Доман аз дунёи хохиш сахт афшондам
Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд?!
Аз мухаббат дидаро гамнок мекардам
Орзухои абас дар хок мекардам
Вожаи "Андухи дил"-ро пок мекардам
Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд?!
Огахам, ки дуст дорй бандаро, ё Раб!
Азбихиштафкандаи шармандаро, ё Раб!
Дор маъзур ин дили талбандаро, ё Раб!
Хонаи ман дар канори Каъба бошад буд?!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 38