Предыдущая публикация
Шодиҳои қалбу ҳам нури басар бошад падар.
Нури дидораш ҳамеша хонаро равшан кунад,
Ҳамчу шамси пурҷилоӣ шӯълавар бошад падар.
Мешавад маҳзун зи аҳволи дили фарзанди худ,
Дар ғами фарзанди худ шому саҳар бошад падар.
Давлату бахту нишоти ҷумла фарзандони худ,
Қиммат аз садҳо ҳазорон симу зар бошад падар.
Сад баҳори хуррамӣ бодо нисори ҷонатон,
Ҷумла гуфтори шумо шаҳду шакар бошад падар.
Бо дуъоҳои шумо дар зиндаги фарзандонатон,
Зиндаву поянда дар ҳар як сафар бошад падар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10