Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Беш аз 1900 мошине, ки як сол пеш тоҷирон барои фурӯхтан аз хориҷа ба Тоҷикистон оварда буданд, дар як истгоҳи гумрукӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд банд мондааст.
Комментарии 20
Мо зодаи кухему дур аз кухсорем,
Дар мулки гариби чун гули пурхорем.
Лабташна хама, агарчи дорем чашма,
Аз оби Шифо дурему хам беморем.
******************
Мардуми меҳмоннавозам орзӯст,
Қуллаҳои сарфарозам орзӯст.
Ҳар замон дар масҷиди "Нури Имон",
Хондани панҷ вақт намозам орзӯст.
Мепарастам ҳар ваҷаб хоки Ватан,
Ҳамдилу ҳамдарди розам орзӯст.
Дар гулистони диёри нозанин,
Лолаву гулҳои нозам орзӯст.
Дар бари гул нолаи булбул хуш аст,
Кабки масти нағмасозам орзӯст.
Дар баландӣ осмони софи он,
Парфишонӣ ҳамчу бозам орзӯст.
Ваҳ чӣ зебо ҷамбилу райҳони боғ,
Ғунчаҳои сарвинозам орзӯст.
Булбулосо андаруни гулшанам,
Нолаҳои ҷонгудозам орзӯст.
Назми Маъдан орифи фарзонае,
Ҳарчӣ хондастам бозам орзӯст.
Ҳар кӣ бишнид шеъри ту Мақсудалӣ,
Гуфт бо худ Понғозам орзӯст.
Деҳи тиллоӣ, басо хушманзар асти Понғоз,
Бо дили пур аз муҳаббат гӯямат ман бо ту роз.
Аз канорат дураму ман зиндаам бо ёди ту,
Баски парвардӣ маро андар канори худ ба ноз.
Кӯҳҳои сарбаландат доимо пеши назар,
Баҳри ту ман месароям гоҳ гоҳ бо сӯзу соз.
Ҳар саҳар хуршеди ховар аз бари Шомкӯҳи ту,
Нур бахшад аз барои мардумони бонамоз.
Сабзазору боғу гулбоғат гаҳе орам ба ёд,
Себу зардолуву нокат ҳусн мебахшанд боз.
Чормағзу туту гелос олую шафтолуят,
Меваҳои шаккарину аҳли деҳ доранд ниёз.
Қуллаи Бобои Обу руди пуршуру шарат,
Нолаву фарёди булбул дар ҳаво парвози боз.
Сӯҳбати ёрони ҷонӣ дар Сари Бозори ту,
Дилбарону духтаронат бо нигоҳи дилнавоз.
Маҳфили озодаи ширинбаёнонро бубин,
Ҳамчу Маьдан ваҳ чӣ хӯш лаб дар сухан бинмуда боз.