Предыдущая публикация
Биё падар,ки бе ту ман ҷавониро надонистам, Гузашти рӯзҳои зиндагониро надонистам. Ба чашмам хира метобад замину осмон бе ту, Ки бе ту ҳодисоти осмониро надонистам. Ту рафтиву бирафт бо ту ҳама меҳру навозишҳо, Пас аз марги ту падар, меҳрубониро надонистам. Гузашт аз рафтанат солеву дӯстон ҳам намеоянд, Мани бечора дӯстони забониро надонистам. Хазон шуд фасли шодиву дарахти дил намесабзад, Баҳори бо ту пурсабзу борониро надонистам. Кунад рӯшан тамоми оламу атроф агар офтоб, Қи бе ту кӯраму роҳи заминиро надонистам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4