Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ.
Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом,
Зи бас дандони тези санги дарёро намедонӣ.
Чу тифли саҳлангоре зи гардун моҳи тобонро
Таманно дориву доғи таманноро намедонӣ.
Мукофоти амал меҷӯӣ ҳар ҷое, ки по монӣ,
Вале дар ҳар қадам марги муфоҷоро намедонӣ.
Ба боло мекашӣ ҳар дам таноби муддаои хеш,
Чӣ гӯям, пастии авранги болоро намедонӣ.
Аламбардори миллат метарошӣ хешро ҳар бор,
Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонӣ...
Таҷовузкории олам ба одам будаву боқист,
Ту заҳри одамони умрфарсоро намедонӣ...
* * *
Эй ки ту ҷони манӣ, ҷони манӣ, ҷони манӣ,
Он, ки ман хоста будам зи ҷаҳон, они манӣ.
Дар миёни ҳама ин талхиву шӯрии ҷаҳон
Намаки умри манӣ, шираи армони манӣ.
Баски девонаи девони ғазалсози туям,
Баски байтулғазали дафтару девони манӣ,
Ҳар сухан, к-аз лаби ту рехт, сурудаш кардам,
Ман сухансози туям то ту сухандони манӣ.
Ту ғазалбахши манӣ то бағалат пурғазал аст,
“Ман ғазалгӯи туам то ту ғазалхони манӣ”
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев