Шахсе дар бозор садо мезад:
Хар бихаред, хар!
Хари ин шахс хеле заиф ва нотавон буд. Дар ҳамин замон буд, ки подшоҳ бо вазираш мегузашт. Подшоҳ бо вазираш назди харфурӯш омад ва пурсид:
Қиммати хари ту чанд аст?
Соҳиби хар ҷавоб дод, панҷ ҳазор.
Подшоҳ ҳайрон шуду пурсид:
-Чаро ин қадар қиммат? Ин хар чӣ хосияте дорад?
Соҳиби хар гуфт:
-Ҷаноб, ҳар ки бар ин хар биншинад, Маккаву Мадинаро мебинад. Подшоҳ итминон надошт ва гуфт:
-Агар суханат рост баромад, даҳ ҳазор медиҳам ва агар дурӯғ баромад, саратро аз танат ҷудо мекунам.
Подшоҳ ба вазираш фармуд, ки бар хар биншин ва бигӯ, ки чиро мебинӣ. Вазир мехост ба хар биншинад. Соҳиби хар гуфт:
-Ҷаноби шоҳаншоҳ, Макка ва Мадинаро одамони гунаҳкор дида наметавонанд.
Вазир гуфт:
-Ман гунаҳкор нестам, аз назди хар дур шав ва болои хар нишаст, вале чизеро надид.
Ба худ фикр кард, ки агар рост бигӯяд, ки ҳеҷ чизеро надидам, бадном мешавам ва мардум хоҳанд гуфт, ки вазир гунаҳкор аст. Ногаҳон нидо кард: Мошоллоҳ, Субҳоналлоҳ, Алҳамдулиллоҳ чи манзараи зебоест Маккаву Мадина!
Подшоҳ гуфт:
-Аз хар поин шав, ки ман ҳам бубинам. Ва подшоҳ бар хар нишаст. Подшоҳ ҳам чизеро надид. Подшоҳ ба хотири шаъни подшоҳии худ гиряи талхе карду гуфт:
Воҳ, Парвардигори ман! Субҳоналлоҳ, чӣ зебоие қудрати туст! Ин хар чӣ каромате дорад! Чӣ муқаддас ҷонваре аст! Вазири ман мисли ман пок набуд, ӯ сирф Маккаву Мадинаро дид ва ман ҷаннатро ҳам мебинам.
Подшоҳ ҳанӯз аз хар поин нашуда буд, ки мардуми авом ҷамъ шуданд. Касе мехост ба хар даст бизанад, касе мехост харро бибӯсад, касе мехост мӯи харро ҳамчун табаррук бибурад ва бо худ нигоҳ дорад, касе зери пои хар меуфтод, касе поҳои харро мебӯсид ва касе думи харро дар вуҷуди худ мемолид.
Кор то ҳадде расид, ки чанд вақт баъд дар онҷо барои хар мазоре сохтанд ва мардум, ки огоҳ набуданд, огоҳ шуданд ва ба онҷо мерафтанд ва аз зиёрати хар кумаку мадад мехостанд ва ҳатто дар зиёрати хар саҷда мекарданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев