Предыдущая публикация
Бо дигар кас ошной хуш намеояд маро.
Гӯиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо!
Гуфт: ҳар дам худнамой хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зӯҳдам ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сӯфиён гӯянд чун мо хезу дар рақси Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев