Ин замон зоғе омаду гуфт: -Шарм намедорӣ ин қадар дод мезанӣ? Булбул норизоёна гуфт: -Эй зоғи нодон! Мардум мафтуни садои ман ҳастанд! Ту чӣ донӣ, ки навозиш чист?! - Ҳа-ҳа! Садои ман ба маротиб аз хониши ту беҳтар аст! Иштибоҳ мекунӣ, - гуфт булбул. Зоғ гуфт: - Биё аз касе мепурсем, агар садои маро писандад, ман як чашми туро минқор зада, кӯр мекунам. Агар ту ғолиб ойи, ту чашми маро минқор мезанӣ. Булбул розӣ шуд. Ҳарду ба самте парвоз карданд, аз пешашон хар баромад. Зоғ аз ӯ пурсид, ки садои кӣ беҳтар аст? Хар ҷавоб дод: - Албатта садои зоғ. Зоғи ғолибомада чашми булбулро кӯр карду рафт. Чанд рӯзе гузашт, зоғ дид, ки булбул дар ҳамон ҷой пешинааш нишаста, ин дафъа ғамгинона месарояд. Зоғ гуфт: - Эй булбули бешарм! Магар аз мағлуб шуданат қонеъ нашудӣ, ки боз нағмасароӣ мекунӣ?! Булбул гуфт: - Ман аз дили хуш на, аз он ки тақдири худро ба хар супоридам, ғамгинона месароям. (Аз саҳифаи "Шоми ғарибон").
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев