🇭🇺📯🎊 #Dangara #Tajikistan
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ РАҲМОН
26 июни соли 2024 бо роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ баҳри сазовору шоиста таҷлил намудани "Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27 июн" ҳайати бисёрнафараи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳои идона дар роҳпаймоии мутантани ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин рӯз роҳравҳои кӯчаи марказии ноҳияи Данғара бо шарофати ин рӯзи таърихӣ, оғуши пурбори шукургузорони хешро дарёфта буд, хурду бузурги ноҳия бо хушнудӣ ва эҳсоси амният аз сулҳу суботи кишвар барои роҳпаймоии ҷамъ омада буданд, то ин рӯзи некро шоиста ҷашн гиранд. Ҷашнвора бо роҳпаймоии тантанавӣ оғоз шуда, бо баргузории чорабинии фарҳангӣ анҷом пазируфт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев