Предыдущая публикация
Подшоҳи бениёзам аз гуноҳам даргузар.
Гар ба лутфи хеш мехонӣ ман аз саг бартарам,
Варна набвад имтиёзам аз гуноҳам даргузар.
Тоате аз ман наёмад дархури фармудаат
Дур аз савму намозам аз гуноҳам даргузар.
Даҳри дун бо ҷилваҳояш медиҳад ҳар дам фиреб,
Дар миёни ҳирсу озам аз гуноҳам даргузар.
Эй Шаҳаншоҳ аз карам дарвеши худро авф кун,
Ҳам фазли худ навозам аз гуноҳам даргузар.
Раҳмате фармо бар ин гумроҳу мешав ҳодияш,
Худ бад-ин кун сарфарозам аз гуноҳам даргузар.
Меҳрафкан.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
Ки Номи покат рахмону рахимаст умеди мо гунах горон чуненаст.
ба даргоҳи ту имруз тавба мекунем
гуноҳойи мора бубахш Омин