Предыдущая публикация
Агар воқеан ҳамсари худро дӯст доред ва мехоҳед ки дар биҳишт ҳам дар канори шумо бошад пас ӯро барои анҷоми ъибодатҳояш тарғибу ташвиқ кунед ин гуна дасташро ро гирифта басуи БИҲИШТ биравед!!!
Расулуллоҳ салаллоҳи алайҳи ва саллам фармуданд : Аллоҳ раҳмат кунад мардеро ки миқдоре аз шабро аз хобаш бархезад ва намоз бихонад ва ҳамсарашро ҳам бедор кунад то намоз бихонад, агар чунон чи бедор нашуд об ба сураташ бипошад (то бедор шавад), ва Аллоҳ раҳмат кунад занеро ки аз хоб бедор шавад пас намоз бихонад ва ҳамсарашро бедор кунад чунон чи бедор нашуд об ба сураташ бипошад. Ривояти : Аҳмад (7404) Абу довуд (1308) Насоӣ (1610) Моҷа (1336)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 25
Ҳамин ки ҳоли дустонам хуб бошад ва лабханду шоди бар лабонашон бошад бароям кофист
Дар ин зуҳри зебо онҳоро ба оғӯши меҳрубонат месупорам ва беҳтарин ҳадия "саломатиро" барояшон орзумандам..
Рози аз як пораи нонам шавад.
Дуст он бошад, ки бошад дар барам,
Бо дили софе дарояд аз дарам
оиладори.Вазоифи зан ва шавҳар нисбат ба якдигар. Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад. Барои ҳамин ҳам Ислом
таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда дорад: ﺑﻤﺎ ﺃﻧﻔﻘﻮﺍ ﻣﻦ ﺃﻣﻮﺍﻟﻬﻢ ﻓﺎﻟﺼﺎﻟﺤﺎﺕ ﻗﺎﻧﺘﺎﺕ ﺣﺎﻓﻈﺎﺕ ﻟﻠﻐﻴﺐ ﺑﻤﺎ ﺣﻔﻆ ﺍﻟﻠﻪ. ﺍﻟﺮﺟﺎﻝ ﻗﻮﺍﻣﻮﻥ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﺑﻤﺎ ﻓﻀﻞ ﺍﻟﻠﻪ ﺑﻌﻀﻬﻢ ﻋﻠﻲ ﺑﻌﺾ ﻭ ( /34
ﻧﺴﺎﺀ ) «Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кучаки хонавода ҳаққи
раҳбарӣ доранд ва нигаҳдориву риъояти занон бар уҳдаи эшон аст) бадон хотир,
ки Худованд (барои низоми ҷомеъа, мардонро бар занон дар бархе аз сифот
бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст (ва маъмулан
мардон ранҷ мекашанд ва пул ба даст меовар...ЕщёҲақи зан болои шавҳар ва ҳақи шавҳар болои зан.Одоби
оиладори.Вазоифи зан ва шавҳар нисбат ба якдигар. Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад. Барои ҳамин ҳам Ислом
таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда дорад: ﺑﻤﺎ ﺃﻧﻔﻘﻮﺍ ﻣﻦ ﺃﻣﻮﺍﻟﻬﻢ ﻓﺎﻟﺼﺎﻟﺤﺎﺕ ﻗﺎﻧﺘﺎﺕ ﺣﺎﻓﻈﺎﺕ ﻟﻠﻐﻴﺐ ﺑﻤﺎ ﺣﻔﻆ ﺍﻟﻠﻪ. ﺍﻟﺮﺟﺎﻝ ﻗﻮﺍﻣﻮﻥ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﺑﻤﺎ ﻓﻀﻞ ﺍﻟﻠﻪ ﺑﻌﻀﻬﻢ ﻋﻠﻲ ﺑﻌﺾ ﻭ ( /34
ﻧﺴﺎﺀ ) «Мардон бар занон сарпарастанд (ва дар ҷомеъаи кучаки хонавода ҳаққи
раҳбарӣ доранд ва нигаҳдориву риъояти занон бар уҳдаи эшон аст) бадон хотир,
ки Худованд (барои низоми ҷомеъа, мардонро бар занон дар бархе аз сифот
бартариҳое бахшидааст) ва баъзеро бар баъзе фазилат додааст (ва маъмулан
мардон ранҷ мекашанд ва пул ба даст меоваранд) ва аз амволи худ (барои хонавода) харҷ мекунанд. Пас занони солиҳа ононе ҳастанд, ки фармонбардори
(авомири Аллоҳ ва мутиъи дастури шавҳарони худ буда) асрори заношуиро
нигоҳ медоранд чунки Худованд ба ҳифзи онҳо дастур додааст». (Сураи Нисо —
34) Ислом барои ҳар як аз зану мард ҳуқуқеро воҷиб кардааст, ки бо риояти онҳо
истиқрор ва пойдории ин муассиса (оила), тазмин мешавад ва ҳар як аз зану
шавҳарро ташвиқ кардааст, ки вазифаҳои худро анҷом диҳанд ва аз кӯтоҳиҳои якдигар чашмпӯшӣ кунанд. Худованд мефармояд: ﻟﺘﺴﻜﻨﻮﺍ ﺇﻟﻴﻬﺎ ﻭﺟﻌﻞ ﺑﻴﻨﻜﻢ ﻣﻮﺩﺓ ﻭﺭﺣﻤﺔ ﻭﻣﻦ ﺁﻳﺎﺗﻪ ﺃﻥ ﺧﻠﻖ ﻟﻜﻢ ﻣﻦ ﺃﻧﻔﺴﻜﻢ ﺃﺯﻭﺍﺟﺎ ( ﺭﻭﻡ/21 ). «Ва яке аз нишонаҳои (далолаткунанда бар қудрат ва азамати) Аллоҳ ин аст, ки аз ҷинси худатон
ҳамсаронеро барои шумо офарид, то дар канори онон биёромед ва дар миёни
шумо ва эшон муҳаббат ва меҳрубонӣ қарор дод». (сураи Рум -21). Муҳаббат ва
раҳмате, ки байни зан ва шавҳар вуҷуд дорад, байни ҳеҷ ду нафари дигаре дида
намешавад. Худованди Субҳон дӯст медорад, ки ин муҳаббат ва меҳрубонӣ
байни занону шавҳарон тадовум пайдо кунад (давом ёбад). Бинобар ин ҳуқуқеро барои завҷайн муайян кардааст, ки риояи онҳо боиси давом ёфтани он муҳаббат
ва меҳрубониҳо мегардад: ﻭﻟﻬﻦ ﻣﺜﻞ ﺍﻟﺬﻱ ﻋﻠﻴﻬﻦ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ ( ﺑﻘﺮﻩ/228 ). «Ва барои занон (ҳуқуқ ва воҷиботе ҳаст, ки бояд шавҳарон адо бикунанд) ҳамон гуна, ки бар
шавҳарон аст, ки бояд занон ба шоистагӣ адо кунанд». (с. Бақара -228) Ин каломи
Аллоҳ, бо вуҷуди ихтисоре, ки дорад дарбаргирандаи мафоҳиме аст, ки баёни
онҳо ниёз ба навиштани китоби бузурге дорад. Ин оят равшанкунандаи ин
масъала аст, ки зан дар тамоми ҳуқуқ бо мард баробар аст илло дар як маврид, ки
Худованд онро баён кардааст: ﻭﻟﻠﺮﺟﺎﻝ ﻋﻠﻴﻬﻦ ﺩﺭﺟﺔ«Ва мардонро бар занон бартарӣ аст». (сураи Бақара -228) Ин ҷумлаи дар боло зикршуда мизоне ба мард медиҳад
то бо он рафторашро бо ҳамсараш дар тамоми шуун ва аҳволи зиндагӣ бисанҷад,
пас агар аз ӯ (зан) хост, ки кореро анҷом диҳад ба ёд оварад, ки ӯ низ дар
муқобили ҳамсараш вазоифе бар уҳда дорад. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки
мегӯянд: «Ман худамро барои ҳамсарам меороям, ҳамчунон, ки ӯ худашро барои
ман зиннат медиҳад». (Ибни Ҷарири Табарӣ 2/453) Ва Паёмбар Муҳаммади Мустафо (алайҳис-салом) мефармоянд: (ﺃﻻ ﺇﻥ ﻟﻜﻢ ﻋﻠﻲ ﻧﺴﺎﺋﻜﻢ ﺣﻘﺎ ﻭﻟﻨﺴﺎﺋﻜﻢ ﻋﻠﻴﻜﻢ ﺣﻘﺎ). «Огоҳ бошед! Ҳамсаронатон бар шумо ҳақе доранд ҳамчунон, ки шумо бар онон
ҳақе доред». (Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/1501 ва Тирмизӣ/2/315/1173). Мусалмони
фаҳмида ва воқеъӣ ба ҳуқуқе ки ҳамсараш бар ӯ дорад эътироф мекунад.
Ҳамеша талош мекунад, ки ҳаққи ҳамсарашро адо кунад, бидуни таваҷҷӯҳ ба ин,
ки оё ҳаққи худашро дарёфт кардааст ё не. Чунки Исломи азиз бар тадовум ва
пойдории муҳаббату меҳрубонӣ байни зану шавҳар ва фурсат надодан ба шайтон барои пошидани тухми ихтилоф байни онон ҳарис аст. Акнун ҳуқуқи зан
бар мардро баён мекунем ва пас аз он ҳуқуқи мард бар занро зикр мекунем, ба
умеди ин, ки завҷайн аз он дарс бигиранд ва ҳамдигарро ба ҳаққ ва сабр васият
муошират кунад. ﻭﻋﺎﺷﺮﻭﻫﻦ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ ( ﻧﺴﺎﺀ/19 ) «Ва бо онон (занон) бо хубӣ муошират кунед». (Сураи Нисо -19) Ва ақалли муоширати хуб ин аст, ки агар ғизое
хӯрд ба ӯ низ ғизо бидиҳад. Ва агар барои худ либосе харид, барои ӯ низ либосе
бихарад ва агар зан нофармонии ӯро кунад, ба равише, ки Худованд барои
таъдиби занон муқаррар кардааст, ӯро адаб диҳад. Ба ин тартиб, ки нахуст ӯро ба
равише неку, бидуни фаҳшу дашном ва ҳарфи зишт насиҳат кунад, агар (ба ин
тариқ) аз ӯ итоат кунад хуб аст, дар ғайри ин сурат бистари хоби худро аз ӯ ҷудо кунад, агар дар ин ҳолат аз ӯ итоат кард хуб, дар ғайри ин сурат ӯро бизанад.
Вале бояд аз задан бар сару рӯй ва зарбаи сахт худдорӣ намояд (зеро, ки ғарази
аслӣ аз задан ин танбеҳ додан аст). Ҳамчуноне, ки Аллоҳ мефармояд: ﻓﻼﺗﺒﻐﻮﺍ ﻋﻠﻴﻬﻦّ ﻛﺎﻥ ﻋﻠﻴﺎ ﻛﺒﻴﺮﺍ ﻭﺍﻟﻼﺗﻲ ﺗﺨﺎﻓﻮﻥ ﻧﺸﻮﺯﻫﻦّ ﻓﻌﻈﻮﻫﻦّ ﻭﺍﻫﺠﺮﻭﻫﻦّ ﻓﻲ ﺍﻟﻤﻀﺎﺟﻊ ﻭ...Ещёкунанд. ( ﺇﻥ ﻟﻨﺴﺎﺋﻜﻢ ﻋﻠﻴﻜﻢ ﺣﻘﺎ) Ба ростӣ, занони шумо бар шумо ҳақе доранд. Ҳуқуқи занон бар мардон иборатанд аз: 1. Мард бояд бо ҳамсараш бо хубӣ
муошират кунад. ﻭﻋﺎﺷﺮﻭﻫﻦ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ ( ﻧﺴﺎﺀ/19 ) «Ва бо онон (занон) бо хубӣ муошират кунед». (Сураи Нисо -19) Ва ақалли муоширати хуб ин аст, ки агар ғизое
хӯрд ба ӯ низ ғизо бидиҳад. Ва агар барои худ либосе харид, барои ӯ низ либосе
бихарад ва агар зан нофармонии ӯро кунад, ба равише, ки Худованд барои
таъдиби занон муқаррар кардааст, ӯро адаб диҳад. Ба ин тартиб, ки нахуст ӯро ба
равише неку, бидуни фаҳшу дашном ва ҳарфи зишт насиҳат кунад, агар (ба ин
тариқ) аз ӯ итоат кунад хуб аст, дар ғайри ин сурат бистари хоби худро аз ӯ ҷудо кунад, агар дар ин ҳолат аз ӯ итоат кард хуб, дар ғайри ин сурат ӯро бизанад.
Вале бояд аз задан бар сару рӯй ва зарбаи сахт худдорӣ намояд (зеро, ки ғарази
аслӣ аз задан ин танбеҳ додан аст). Ҳамчуноне, ки Аллоҳ мефармояд: ﻓﻼﺗﺒﻐﻮﺍ ﻋﻠﻴﻬﻦّ ﻛﺎﻥ ﻋﻠﻴﺎ ﻛﺒﻴﺮﺍ ﻭﺍﻟﻼﺗﻲ ﺗﺨﺎﻓﻮﻥ ﻧﺸﻮﺯﻫﻦّ ﻓﻌﻈﻮﻫﻦّ ﻭﺍﻫﺠﺮﻭﻫﻦّ ﻓﻲ ﺍﻟﻤﻀﺎﺟﻊ ﻭﺍﺿﺮﺑﻮﻫﻦّ ﻓﺈﻥ ﺃﻃﻌﻨﻜﻢ ﺳﺒﻴﻼ ﺇﻥ ﺍﻟﻠﻪ ( ﻧﺴﺎﺀ/34 ). «Ва заноне, ки аз саркашӣ ва сарпечии эшон бим доред, панду андарзашон диҳед (ва агар таъсир накард) аз ҳамбистарӣ бо онон худдорӣ
кунед ва бистари хешро ҷудо кунед (ва бо эшон сухан нагӯед ва агар боз ҳам
таъсире накард ва роҳе ҷуз шиддати амал набувад) ононро (танбеҳ кунед)
бизанед, пас агар аз шумо итоат карданд (тартиби сегонаро риоя кунед ва сахт
наравед ва ҷуз ин тартиб) роҳе барои танбеҳи эшон наҷӯед ва бидонед, ки
Аллоҳ Баландмартаба ва Бузург аст». (Сураи Нисо -34) Вақте, ки аз ӯ (Паёмбар (салла-Аллоҳу алайҳи ва саллам) суол шуд, ки ҳаққи ҳамсарон бар мо чист?
Фармуданд: ﺗﻄﻌﻤﻬﺎ ﺇﺫﺍ ﻃﻌﻤﺖ ﻭ ﺗﻜﺴﻮﻫﺎ ﺇﺫﺍ ﺍﻛﺘﺴﺖ ﻭ ﻻﺗﻀﺮﺏ ﺍﻟﻮﺟﻪ ﻭﻻ ﺗﻘﺒﺢ ﻭﻻﺗﻬﺠﺮ ﺇﻻ ﻓﻲ ﺍﻟﺒﻴﺖ ﺃﻥ. «Ҳар гоҳ ғизо хост ба ӯ ғизо бидиҳӣ ва ҳар гоҳ либос хост барои ӯ либос
бихарӣ (ғизо ва пӯшокро фароҳам кун) ва рӯйи ӯро назанӣ ва ба ӯ (сухани)
носазо нагӯӣ ва (агар бо сабабе аз ӯ дур шудан хостӣ, пас) танҳо дар хона (-и
худ) бистарашро тарк кун». (Саҳеҳи Ибни Моҷаҳ/1500 ва Абу Довуд/6/180/2128)
Аз нишонаҳои такомули ахлоқӣ ва рушди имонии мард ин аст, ки бо ҳамсараш
рафиқ ва нармхӯ бошад. Ҳамчунон, ки Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: ﺃﻛﻤﻞ ﺍﻟﻤﺆﻣﻨﻴﻦ ﺇﻳﻤﺎﻧﺎ ﺃﺣﺴﻨﻬﻢ ﺧﻠﻘﺎ ﻭﺧﻴﺎﺭﻛﻢ ﺧﻴﺎﺭﻛﻢ ﻟﻨﺴﺎﺋﻬﻢ «Комилтарини мӯъминон аз лиҳози имон, хушахлоқтарини ононанд ва
беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки барои ҳамсаронашон беҳтаранд». (саҳеҳи
Тирмизӣ/928) Бинобар ин, эҳтиром ба зан нишонаи камоли шахсияти мусалмон
аст ва иҳонат ба ӯ нишонаи пастӣ ва фурӯмоягӣ аст. Аз ҷумлаи эҳтиром ба зан
ин аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам), нисбат ба зан
меҳрубон бошем ва бо ӯ бозӣ ва шӯхӣ кунем, ҳамчуноне, ки Паёмбар (салла-а- ллоҳу алайҳи ва саллам) бо Оиша (разия-ллоҳу таъоло анҳо) бозӣ мекарданд ва
бо ӯ мусобиқа мекарданд то ин, ки Оиша (разия- ллоҳу таъоло анҳо) гуфтанд: (ﺑﺘﻠﻚ
ﺳﺎﺑﻘﻨﻲ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ ﻓﺴﺒﻘﺘﻪ ﻓﻠﺒﺜﻨﺎ ﺣﺘﻲ ﺇﺫﺍ ﺃﺭﻫﻘﻨﻲ ﺍﻟﻠﺤﻢ ﺳﺎﺑﻘﻨﻲ ﻓﺴﺒﻘﻨﻲ، ﻓﻘﺎﻝ ﻫﺬﻩ). «Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ман мусобиқа карданд, аз ӯ пешӣ гирифтам.
Баъд аз муддате, ки гӯшти баданам зиёд шуд (фарбеҳ шудам), Паёмбар бо ман
мусобиқа карданд ва аз ман пешӣ гирифтанд ва фармуданд: Ин (бурд) ба он (бохт
дар гузашта)». (саҳеҳи Абу Довуд/7/243/2561) Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи
ва саллам) бозӣ кардан ба ҷуз бо ҳамсарро ботил медонистанд ва мефармуданд:
( ﻛﻞ ﺷﺊ ﻳﻠﻬﻮ ﺑﻪ ﺍﺑﻦ ﺁﺩﻡ ﻓﻬﻮ ﺑﺎﻃﻞ، ﺇﻻ ﺛﻼﺛﺎ: ﺭﻣﻴﻪ ﻋﻦ ﻗﻮﺳﻪ، ﻭﺗﺄﺩﻳﺒﻪ ﻟﻔﺮﺳﻪ، ﻭﻣﻼﻋﺒﺘﻪ ﺃﻫﻠﻪ، ﻓﺈﻧﻬﻦ ﻣﻦ ﺍﻟﺤﻖ). «Ҳар чизе, ки инсон бо он бозӣ кунад ботил аст, магар се чиз: Тирандозӣ,
аспсаворӣ, бозӣ бо ҳамсар, чун ки ин се воқеият ҳастанд». (саҳеҳи Ибни
Моҷаҳ/4534) 2. Аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки дар баробари азият ва озори ӯ
сабр карда ва аз иштибоҳоташ (хатогиҳояш) даргузарад. Ба далели ин фармудаи
Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам): ( ﻣﺆﻣﻦ ﻣﺆﻣﻨﺔ ﺇﻥ ﻛﺮﻩ ﻣﻨﻬﺎ ﺧﻠﻘﺎ ﺭﺿﻲ ﻣﻨﻬﺎ ﺁﺧﺮ ﻻﻳﻔﺮﻙ) «Ҳеҷ марди муъмине набояд кинаи зани муъминаеро ба дил бигирад, чун
агар рафтореро аз ӯ написандад, рафтори дигареро аз ӯ меписандад».
ﻭﺇﻥ ﺗﺮﻛﺘﻪ ﻟﻢ) «Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр супориш кунед. Онон аз устухони данда (қабурға) офарида шудаанд. Ва каҷтарини дандаҳо
болотарини онҳо аст, агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ ва агар ба
ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд, пас нисбат ба занон ба хайр
супориш кунед». (Бухорӣ ва Муслим). Баъзе аз Салафи Солеҳ гуфтаанд: ”Бидон, ки
хушрафторӣ бо занон, дафъи азият аз онон нест, балки иборатаст аз ин, ки ба
пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама), азият ва озори ононро таҳаммул карда, дар муқобили камақлӣ ва хашми онон сабрро пеша кунем… ”.
(Мухтасари Минҳоҷул-қосидин, саҳ. 78-79). 3. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин
аст, ки ӯро аз ҳар чизе, ки шарафи ӯро халалдор ва номуси ӯро мешиканад ва ба
каромати ӯ латма мезанад, муҳофизат кунад. Ӯро аз беҳиҷобӣ...Ещё(Муслим/2/1091/469) Дар ҳадисе дигар мефармоянд: ( ،ﺃﻋﻼﻩ، ﻓﺈﻥ ﺫﻫﺒﺖ ﺗﻘﻴﻤﻪ ﻛﺴﺮﺗﻪ ﻳﺰﻝ ﺃﻋﻮﺝ، ﻓﺎﺳﺘﻮﺻﻮﺍ ﺑﺎﻟﻨﺴﺎﺀ ﺧﻴﺮﺍ ﺇﺳﺘﻮﺻﻮﺍ ﺑﺎﻟﻨﺴﺎﺀ ﺧﻴﺮﺍ، ﻓﺈﻧﻬﻦّ ﺧﻠﻘﻦ ﻣﻦ ﺿﻠﻊ، ﻭﺇﻥ ﺃﻋﻮﺝ ﻣﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﻀﻠﻊ
ﻭﺇﻥ ﺗﺮﻛﺘﻪ ﻟﻢ) «Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр супориш кунед. Онон аз устухони данда (қабурға) офарида шудаанд. Ва каҷтарини дандаҳо
болотарини онҳо аст, агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ ва агар ба
ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд, пас нисбат ба занон ба хайр
супориш кунед». (Бухорӣ ва Муслим). Баъзе аз Салафи Солеҳ гуфтаанд: ”Бидон, ки
хушрафторӣ бо занон, дафъи азият аз онон нест, балки иборатаст аз ин, ки ба
пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама), азият ва озори ононро таҳаммул карда, дар муқобили камақлӣ ва хашми онон сабрро пеша кунем… ”.
(Мухтасари Минҳоҷул-қосидин, саҳ. 78-79). 3. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин
аст, ки ӯро аз ҳар чизе, ки шарафи ӯро халалдор ва номуси ӯро мешиканад ва ба
каромати ӯ латма мезанад, муҳофизат кунад. Ӯро аз беҳиҷобӣ ва ороиш (барои
бегонагон) манъ кунад ва аз ихтилот (омехтагӣ) бо мардони номаҳрам ӯро боз
дорад. Ҳамчунон, бар мард воҷиб аст, ки ба андозаи кофӣ васоил ва имконоти иффатро барои ҳамсараш фароҳам кунад ва аз ӯ нигаҳбонии кофӣ ба амал
оварад. Иҷоза надиҳад, ки аз назари ахлоқӣ ва динӣ фосид шавад. Фурсат ва
маҷоли хориҷ шудан аз дастуроти Аллоҳ ва Расул, ё рӯйгардонӣ аз ҳаққро ба ӯ
надиҳад, чунки ӯ (мард) сарпараст ва масъули зан аст ва вазифа дорад, ки аз ӯ
нигаҳдорӣ ва муҳофазат кунад, зеро Худованди Мутаъол мефармояд: ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﺍﻟﺮﺟﺎﻝ ﻗﻮﺍﻣﻮﻥ ( ﻧﺴﺎﺀ/34 ). «Мардон сарпарасти занон ҳастанд». (Сураи Нисо/34). Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: ( ﺃﻫﻠﻪ ﻭ ﻫﻮ ﻣﺴﺌﻮﻝ ﻋﻦ ﺭﻋﻴﺘﻪ ﻭ ﺍﻟﺮﺟﻞ ﺭﺍﻉ ﻓﻲ ) «Мард сарпарасти хонавода аст ва нисбат ба онон рузи қиёмат суол карда мешавад». (Бухорӣ ва Муслим). 4. Ҳақи дигари зан бар мард ин аст, ки
заруриёти динро ба ӯ омӯзиш диҳад ё ба ӯ иҷоза диҳад то дар маҷолиси илм
ҳозир шавад. Чунки талаботи зан ба ислоҳи дин ва тазкияи рӯҳ камтар аз талабот
ба хӯрдан ва ошомиданаш нест. Худованд мефармояд: ﻧﺎﺭﺍً ﻭﻗﻮﺩﻫﺎ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻭﺍﻟﺤﺠﺎﺭﺓ ﻳﺎ ﺃﻳﻬﺎ ﺍﻟﺬﻳﻦ ﺁﻣﻨﻮﺍ ﻗﻮﺍ ﺃﻧﻔﺴﻜﻢ ﻭ ﺃﻫﻠﻴﻜﻢ«Эй муъминон, худ ва аҳлу хонаводаи хешро аз оташи дузахе барканор доред, ки ҳезуми он инсонҳо ва сангҳо ҳастанд». (Сураи
Ат-таҳрим 6). Ҳамсар ҷузви аҳл ва хонавода аст, ва ҳифозати ӯ аз оташ ба
василаи имон ва амали солеҳ мумкин аст. Амали солеҳ ниёз ба илм дорад. 5. Ҳақи
дигари зан бар мард он аст, ки ӯро ба барпо доштани дини Аллоҳ ва мувозибат
бар намозҳо амр кунад. Ба далели фармудаи Худованд: ( ﺃﻫﻠﻚ ﺑﺎﻟﺼﻼﺓ ﻭ ﺍﺻﻄﺒﺮ ﻋﻠﻴﻬﺎ ﻭﺃﻣﺮ) «Аҳли хонаводаи худро ба барпоии намоз дастур бидеҳ ва низ бар иҷомаи
он собит ва мондагор бош».(Сураи Тоҳо-132). 6. Ҳақи дигари зан бар мард он аст,
ки ҳангоми зарурат ва ниёз, ба ӯ иҷозат диҳад, то аз хонааш хориҷ шавад.
Масалан агар бихоҳад дар намози ҷамоат ҳозир шавад ё ба дидани хонавода ва
наздикон ё ҳамсоягонаш биравад. Ба шарте, ки ӯро ба пӯшидани чодар ва
ҳиҷоби комил амр кунад ва ӯро аз ороишу беҳиҷобӣ ва истифода аз атру бӯи хуш (ҳангоми хурӯҷ аз манзил) манъ кунад. 7. Ҳақи дигари зан бар мард он аст,
ки аз фош кардани асрор ва бозгӯ кардани айбҳои ӯ худдорӣ кунад, зеро ки мард
— амин, мудофиъ ва ҳомии зан аст. Ва аз муҳимтарини ин асрор, асрори заношӯӣ
аст. Барои ҳамин ҳам Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аз ифшои ин
асрор наҳй фармуданд. Ба далели ҳадиси Асмоа бинти Язид, ки гуфт: Назди
Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) гурӯҳе аз мардону занон нишаста буданд, ки фармуданд: ( ؟ ﻓﺄﺭﻡّ ﺍﻟﻘﻮﻡ ﻓﻘﻠﺖ: ﺇﻱ ﻭ ﺍﻟﻠﻪ ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ: ﺇﻧﻬﻦ ﻟﻌﻞ ﺭﺟﻼً ﻳﻘﻮﻝ ﻣﺎ ﻣﺜﻞ ﺷﻴﻄﺎﻥ ﻟﻘﻲ ﺷﻴﻄﺎﻧﺔ ﻓﻲ ﻃﺮﻳﻖ ﻓﻐﺸﻴﻬﺎ ﻭ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻳﻔﻌﻞ ﺑﺄﻫﻠﻪ ﻭ ﻟﻌﻞ ﺇﻣﺮﺃﺓ ﺗﺨﺒﺮ ﺑﻤﺎ ﻓﻌﻠﺖ ﻣﻊ ﺯﻭﺟﻬﺎ
ﻳﻨﻈﺮﻭﻥ ﻟﻴﻔﻌﻠﻦ ﻭ ﺇﻧﻬﻢ ﻟﻴﻔﻌﻠﻮﻥ. ﻗﺎﻝ ﻓﻼ ﺗﻔﻌﻠﻮﺍ، ﻓﺈﻧﻤﺎ ﺫﻟﻚ ). «Шояд баъзе аз (шумо) мардон ва занон асрори заношӯии худро бозгӯ мекунанд (дар байни омма)? Мардум сокит
шуданд. Гуфтам: Бале ба Худованд қасам, эй Расулаллоҳ! Занон ва мардон ин
корро мекунанд. Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин корро
роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш
мекунад». (Саҳеҳ, Одоби зифоф/72). 8. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дар умури зиндагӣ бо
ҳамсар машварат кунад. Машварат ва қарорҳои ӯро низ қабул кунад. Ба хусус
дар мавориде, ки марбут ба ӯ ва фарзандонаш мешавад, чунки Расули Акрам
(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳамсаронашон машварат мекарданд ва
назари онҳоро қабул мекарданд (дар сулҳи Ҳудайбия бо ҳамсарашон Умм
Салама). (Саҳеҳи Бухорӣ 50/4/1134). 9. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки баъд аз намози ишоъ (хуфтан) фавран ба назди ӯ баргардад ва то соатҳои охири
шаб, ба шабнишинии хориҷ аз манзил машғул нашавад. Зеро ки ин рафтор (дер
омадани шавҳар), агар сабаби васваса ва шакку тардид дар дили зан нагардад
ҳам, ҳадди ақал сабаби ташвиш ва изтироби ӯ ба хотири шавҳараш мегардад.
Балки аз ҷумлаи ҳаққи зан ...Ещёнакунед, чун ки ин кор монанди кори шайтони нар аст, ки шайтони модаро дар
роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш
мекунад». (Саҳеҳ, Одоби зифоф/72). 8. Ҳақи дигари зан бар мард он аст, ки ба пайравӣ аз Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дар умури зиндагӣ бо
ҳамсар машварат кунад. Машварат ва қарорҳои ӯро низ қабул кунад. Ба хусус
дар мавориде, ки марбут ба ӯ ва фарзандонаш мешавад, чунки Расули Акрам
(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳамсаронашон машварат мекарданд ва
назари онҳоро қабул мекарданд (дар сулҳи Ҳудайбия бо ҳамсарашон Умм
Салама). (Саҳеҳи Бухорӣ 50/4/1134). 9. Яке дигар аз ҳуқуқи зан бар мард ин аст, ки баъд аз намози ишоъ (хуфтан) фавран ба назди ӯ баргардад ва то соатҳои охири
шаб, ба шабнишинии хориҷ аз манзил машғул нашавад. Зеро ки ин рафтор (дер
омадани шавҳар), агар сабаби васваса ва шакку тардид дар дили зан нагардад
ҳам, ҳадди ақал сабаби ташвиш ва изтироби ӯ ба хотири шавҳараш мегардад.
Балки аз ҷумлаи ҳаққи зан бар шавҳар ин аст, ки дар хона дур аз ҳамсараш
шабро сипарӣ накунад, агарчӣ ҳангоми намоз (нафл) бошад, то ҳаққи ӯро адо карда бошад. Ва аз ин рӯ Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) дурӣ аз зан
дар шабро инкор карданд ва фармуданд: (ًﺇﻥ ﻟﺰﻭﺟﻚ ﻋﻠﻴﻚ ﺣﻘﺎ). «Ҳамоно ҳамсари ту бар ту ҳаққ дорад». (Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим). Дигар аз ҳуқуқи зан бар мард он
аст, ки байни ҳар ду ҳамсар (агар дошта бошад), дар хӯрока ва либосу маскан ва
шабгузаронӣ дар бистар адолат барқарор кунад ва дар ин заминаҳо муртакиби
зулм ва беадолатӣ нашавад. Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам)
мефармоянд: ( ﻣﻦ ﻛﺎﻥ ﻟﻪ ﺇﻣﺮﺃﺗﺎﻥ ﻓﻤﺎﻝ ﺍﻟﻲ ﺇﺣﺪﺍﻫﻤﺎ ﺩﻭﻥ ﺍﻷﺧﺮﻱ ﺟﺎﺀ ﻳﻮﻡ ﺍﻟﻘﻴﺎﻣﺔ ﻭ ﺷﻘﻪ ﻣﺎﺋﻞ ). «Агар касе ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо беш аз дигарӣ таваҷҷуҳ
кунад, рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафаш каҷ аст». (Ал-ирвоъ/2017).
Бародарони мусалмон! Ин буд ҳуқуқи ҳамсаронатон бар шумо, пас дар адои онҳо
бикӯшед ва кӯтоҳӣ накунед. Чунки риояти ин ҳуқуқҳо асбоби хушбахтии
зиндагии заношӯӣ ва оромиши хонаводагии шуморо фароҳам карда ва
мушкилотеро, ки боиси салби оромиш ва муҳаббату меҳрубонии шумо мешавад, аз байн мебарад. Ва ба занон ёдоварӣ мекунем, ки аз кӯтоҳӣ ва камбудиҳои
шавҳаронашон чашмпӯшӣ кунанд ва ба кӯтоҳии шавҳаронашон нигоҳ накарда
хидмати онҳоро кунанд то ки зиндагии муштараки онҳо бо хӯбӣ ва хушбахтӣ
пайдо кунад. Ҳақи мардон бар занон Ҳақи мард бар зан бисёр бузург аст,
Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) аҳамияти онро дар
фармоишоташон равшан кардаанд. Ҳоким ва ғайраҳо аз ҳадиси Абу Саъид ривоят мекунанд, ки Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: (ﺣﻖ
ﺣﻖ ﺍﻟﺰﻭﺝ ﻋﻠﻲ ﺯﻭﺟﺘﻪ ﺃﻥ ﻟﻮ ﻛﺎﻧﺖ ﺑﻪ ﻗﺮﺣﺔ ﻓﻠﺤﺴﺘﻬﺎ ﻣﺎ ﺃﺩﺕ) «Ҳақи шавҳар бар ҳамсараш он қадар аст, ки агар захме бар шавҳараш бошад ва онро бо забонаш пок созад, боз
ҳам ҳақи ӯро адо накардааст». (Абу Довуд (16/227/247). Зани хирадманд ва
ҳушёр ҳамон зане ҳаст, ки он чиро ки Аллоҳ ва Расулаш (салла-а-ллоҳу алайҳи ва
саллам) дӯст медоранд ба ҷо оварад ва ҳақи шавҳарашро ба хубӣ адо намуда
дар иҷрои фармоишоти ӯ кӯшиш кунад. Зеро, ки итоати шавҳар сабаби дохил
шудани зан ба Биҳишт мегардад. Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд: ( ﺻﺎﻣﺖ ﺷﻬﺮﻫﺎ، ﻭ ﺣﻔﻈﺖ ﻓﺮﺟﻬﺎ، ﻭ ﺃﻃﺎﻋﺖ ﺯﻭﺟﻬﺎ، ﻗﻴﻞ ﻟﻬﺎ ﺍﺩﺧﻠﻲ ﺍﻟﺠﻨﺔ ﻣﻦ ﺃﻱ ﺃﺑﻮﺍﺑﻬﺎ ﺷﺌﺖ ﺇﺫﺍ ﺻﻠﺖ ﺍﻟﻤﺮﺃﺓ ﺧﻤﺴﻬﺎ، ﻭ) «Агар зан намозҳои панҷвақтаро ба ҷо оварад, рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад, шармгоҳашро ҳифз намуда ва аз шавҳараш итоат
намояд, ба ӯ гуфта мешавад: Ба Ҷаннат дохил шав аз ҳар дараш, ки мехоҳӣ».
(Абу Довуд (16/228/250). Пас, эй хоҳари Мусалмон! Диққат кун, ки чигуна Паёмбар
(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) итоати шавҳарро сабаби дохил шудан ба
Ҷаннат дониста, онро дар баробари Намозу Рӯза қарор додаанд. Пас шавҳаратро
итоат намо ва аз хашмгин сохтани ӯ бипарҳез, чунки хашмигинии ӯ хашми Аллоҳро меорад. Паёмбари ростгӯй (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам)
аст (Аллоҳ) аз он зан норозӣ мешавад, то он даме ки шавҳарашро розӣ
нагардонад». Муслим (2/1610-121-1436). Пас эй зани Мусалмон! Бар ту воҷиб аст,
ки: 1. Дар ҳар чизе, ки шавҳарат амр мекунад итоат намоӣ. Илло (ба ҷуз) дар он
ҳолатҳое, ки худат гунаҳкор мешавӣ, яъне агар амри шавҳарат мухолифи
шариъат бошад. Масалан, барои шавҳарат шуда мӯйҳои рӯят ва қошҳоятро начин, ки ин амр мухолифи шариъати Аллоҳ ва фармудаҳои Расулуллоҳ (салла-а-
ллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам),
занеро ки мӯйи рӯйи занони дигарро меканад ва зане, ки мӯяш канда мешавад,
ҳардуяшро лаънат кардаанд. (Имом Бухорӣ ва Муслим). Ва низ зебо мешавам
гуфта, бе ҳиҷобу рӯймол ва бо либосҳои танг аз хона берун машав. Расулуллоҳ
(...Ещёмефармоянд: (ًﺑﻴﺪﻩ، ﻣﺎ ﻣﻦ ﺭﺟﻞ ﻳﺪﻋﻮﺍ ﺍﻣﺮﺃﺗﻪ ﺇﻟﻲ ﻓﺮﺍﺷﻪ ﻓﺘﺄﺑﻲ ﻋﻠﻴﻪ ﺇﻻ ﻛﺎﻥ ﺍﻟﺬﻱ ﻓﻲ ﺍﻟﺴﻤﺎﺀ ﺳﺎﺧﻄﺎ ﻋﻠﻴﻬﺎ ﺣﺘﻲ ﻳﺮﺿﻲ ﻋﻨﻪ ﻭ ﺍﻟﺬﻱ ﻧﻔﺴﻲ ) «Қасам ба он зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, ҳар марде, ки ҳамсарашро ба бистараш фаро хонаду занаш наояд, зоте ки дар осмон
аст (Аллоҳ) аз он зан норозӣ мешавад, то он даме ки шавҳарашро розӣ
нагардонад». Муслим (2/1610-121-1436). Пас эй зани Мусалмон! Бар ту воҷиб аст,
ки: 1. Дар ҳар чизе, ки шавҳарат амр мекунад итоат намоӣ. Илло (ба ҷуз) дар он
ҳолатҳое, ки худат гунаҳкор мешавӣ, яъне агар амри шавҳарат мухолифи
шариъат бошад. Масалан, барои шавҳарат шуда мӯйҳои рӯят ва қошҳоятро начин, ки ин амр мухолифи шариъати Аллоҳ ва фармудаҳои Расулуллоҳ (салла-а-
ллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Паёмбари Акрам (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам),
занеро ки мӯйи рӯйи занони дигарро меканад ва зане, ки мӯяш канда мешавад,
ҳардуяшро лаънат кардаанд. (Имом Бухорӣ ва Муслим). Ва низ зебо мешавам
гуфта, бе ҳиҷобу рӯймол ва бо либосҳои танг аз хона берун машав. Расулуллоҳ
(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: ( ﺍﻟﺒﻘﺮ ﻳﻀﺮﺑﻮﻥ ﺑﻬﺎ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻭ ﻧﺴﺎﺀ ﻛﺎﺳﻴﺎﺕ ﺍﻟﺠﻨﺔ ﻭ ﻻ ﻳﺠﺪﻥ ﺭﻳﺤﻬﺎ، ﻭ ﺇﻥ ﺭﻳﺤﻬﺎ ﻟﻴﻮﺟﺪ ﺻﻨﻔﺎﻥ ﻣﻦ ﺍﻣﺘﻲ ﺃﻫﻞ ﺍﻟﻨﺎﺭ ﻟﻢ ﺃﺭﻫﻤﺎ، ﻗﻮﻡٌ ﻣﻌﻬﻢ ﺳﻴﺎﻁ ﻛﺄﺫﻧﺎﺏ
ﻣﻦ ﻣﺴﻴﺮﺓ ﻛﺬﺍ ﻭ ﻛﺬﺍ ﻋﺎﺭﻳﺎﺕ ﻣﻤﻴﻼﺕ، ﻣﺎﺋﻼﺕ ﺭﺅﺳﻬﻦ ﻛﺄﺳﻨﻤﺔ ﺍﻟﺒﺨﺖ ﺍﻟﻤﺎﺋﻠﺔ، ﻻ ﻳﺪﺧﻠﻦ ) «Ду гурӯҳ аз уммати ман аз аҳли оташанд, ки ҳанӯз онҳоро надидаам. Гурӯҳе, ки шаллоқҳое
мисли думи гов дар даст доранд ва бо он мардумро мезананд ва гурӯҳи дигар
заноне ҳастанд, ки либос дар тан доранд, аммо урён (бараҳна)ҳастанд (яъне
либосҳояшон чунон танг ва ё шаффоф аст, ки тамоми узви баданашон намудор ва
маҳсус аст). Аз итоати Аллоҳ рӯйгардон ҳастанд ва мардумро бар ин кор ташвиқ
мекунанд. Сарҳояшонро мисли кӯҳони шутур хамида мекунанд. Ин гурӯҳ аз занон вориди Биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯйи Биҳишт ба машомашон
намерасад. Ҳол он, ки бӯйи Биҳишт дар масофаи фалон ва фалон ба машом
мерасад». (Муслим 3/1680/2128). Ҳамчунин агар мард дар замони қоидагӣ (ҳайз,
нифос), ё аз роҳи ғайри машрӯъ (дубур) қасди омезиши ҷинсӣ намояд, зан бояд
итоат накунад. Чун Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: (ﻣﺤﻤﺪ
ﻣﻦ ﺃﺗﻲ ﺣﺎﺋﻀﺎً ﺃﻭ ﺇﻣﺮﺃﺓ ﻓﻲ ﺩﺑﺮﻫﺎ، ﺃﻭ ﻛﺎﻫﻨﺎً ﻓﺼﺪﻗﻪ ﺑﻤﺎ ﻳﻘﻮﻝ ﻓﻘﺪ ﻛﻔﺮ ﺑﻤﺎ ﺃﻧﺰﻝ ﻋﻠﻲ ) «Ҳар кас, ки дар замони қоидагӣ ва ё аз ғайри маҳалли насл бо ҳамсараш омезиш кард.., ба
ончӣ, ки бар Муҳаммад (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шуда,кофир шуда
аст». (Ибни Моҷаҳ 1/209/639). Ҳамчунин, бояд зан дар рафтан ба миёни мардон ва
омехтагӣ бо онҳо, ё ки мусофаҳа (дастфишорӣ) кардан, худдорӣ намояд, зеро ки
ин ҳама ҳаром аст. Аллоҳ Парвардигори оламиён чунин мефармояд: ﻣﻦ ﻭﺭﺍﺀ ﺣﺠﺎﺏ ﻭ ﺇﺫﺍ ﺳﺄﻟﺘﻤﻮﻫﻦ ﻓﺴﺄﻟﻮﻫﻦ«Ҳангоме, ки аз онон (яъне занон) чизе пурсиданӣ шавед, аз паси парда бипурсед». (Сураи ал-Аҳзоб 53). Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва
саллам) мефармоянд: (ﻗﻴﻞ ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ: ﺃﻓﺮﺃﻳﺖ ﺍﻟﺤﻤﻮ- ﻭ ﻫﻮ ﻗﺮﻳﺐ ﺍﻟﺰﻭﺝ ﻛﺄﺧﻴﻪ ﻭ ﺍﺑﻦ ﺃﺧﻴﻪ ﻭ ﻋﻤﻪ ﻭ ﺍﻳﻦ ﻋﻤﻪ ﻭ ﻧﺤﻮﻫﻢ- ﻗﺎﻝ: ﺍﻟﺤﻤﻮ ﺍﻟﻤﻮﺕ ﺇﻳﺎﻛﻢ ﻭ ﺍﻟﺪﺧﻮﻝ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ) «Аз дохил шудан ба назди занон бипарҳезед. Савол карданд: Эй Расулуллоҳ дар бораи
«ҳамув» (наздикони шавҳар мисли: бародар, писари бародар, амак ва писарамак)
чӣ мегӯед? Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Ҳамув марг
аст». Пас, ҳар чизеро, ки мухолифи шариъати Парвардигор аст тарк намо ва худро
аз гуноҳ кардан нигоҳ дор, хоҳари азиз. 2. Ҳақи дигари шавҳар бар ҳамсараш ин
аст, ки бояд номусу шараф ва обрӯйи шавҳарашро ҳифз намояд. Ва аз молу фарзандон ва дигар шуъуноти хонаи ҳамсараш посдорӣ кунад. Худованд
мефармояд: ﻓﺎﻟﺼﺎﻟﺤﺎﺕ ﻗﺎﻧﺘﺎﺕ ﺣﺎﻓﻈﺎﺕ ﻟﻠﻐﻴﺐ ﺑﻤﺎ ﺣﻔﻆ ﺍﻟﻠﻪ«Пас, занони солиҳа ононе ҳастанд, ки фармонбардори (амрҳои Аллоҳ ва итоаткори фармоишоти шавҳарони
худ) буда, асрори заношӯйиро нигоҳ медоранд, чунки Аллоҳ ба ҳифзи (онҳо) амр
кардааст». (Сураи Нисо – 34). Ва Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам)
мефармоянд: (ﻭﺍﻟﻤﺮﺃﺓ ﺭﺍﻋﻴﺔ ﻓﻲ ﺑﻴﺖ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﻭ ﻣﺴﺌﻮﻟﺔ ﻋﻦ ﺭﻋﻴّﺘﻬﺎ ) «Ва зан дар хонаи шавҳараш посбон (нигаҳбон) аст, дар рӯзи Қиёмат аз ин чиз пурсида мешавад».
(Бухорӣ ва Муслим). Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки бояд зан худро барои
нигоҳ кунад. Ва чунон рафтор нанамояд, ки шавҳараш хашмгин шавад. Табаронӣ
аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Салом ривоят карда, ки Паёмбар (салла-а- ллоҳу алайҳи
ва саллам) фармудаанд: (ﺗﺴﺮﻙ ﺇﺫﺍ ﺃﺑﺼﺮﺕ، ﺗﻌﻄﻴﻚ ﺇﺫﺍ ﺃﻣﺮﺕ، ﻭ ﺗﺤﻔﻆ ﻏﻴﺒﺘﻚ ﻓﻲ ﻧﻔﺴﻬﺎ ﻭ ﻣﺎﻟﻚ ﺧﻴﺮ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﻣﻦ ) «Беҳтарини занон ҳамоне аст, ки вақте ба ӯ нигоҳ мекунӣ туро хушҳол мекунад ва вақте, ки ба ӯ амр мекунӣ, туро итоат мекунад ва дар
набудани ту худро ва моли туро ҳифз мекунад». (Саҳеҳул-ҷомеъ 3299). Бисёр ҷои
таъаҷҷуб аст, ки хоҳарони мо имрӯзҳо дар хона, дар назди шавҳаронашон ба
худ аҳамият намедиҳанд, вале ҳангоми баромадан аз хона, худро аз ҳадд зиёд
орову торо медиҳанд: (Маймуни хона, оҳуи кӯча)!!? Пас эй Хоҳари Мусалмон! Дар
бораи шавҳарат аз Аллоҳ битарс, ва бидон ки ӯ аз дигарон дида ба зебу зиннати ту шоистатар аст. Ту бояд худро дар назди шавҳарат зебу зиннат диҳӣ, на дар
кӯчаву бозор… Ҳақи дигари мард бар ҳамсараш он аст, ки дар хона бимонад в...Ещёшавҳараш ороиш диҳад ва ҳамеша ба сӯи шавҳар бо чеҳраи кушода ва табассум
нигоҳ кунад. Ва чунон рафтор нанамояд, ки шавҳараш хашмгин шавад. Табаронӣ
аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Салом ривоят карда, ки Паёмбар (салла-а- ллоҳу алайҳи
ва саллам) фармудаанд: (ﺗﺴﺮﻙ ﺇﺫﺍ ﺃﺑﺼﺮﺕ، ﺗﻌﻄﻴﻚ ﺇﺫﺍ ﺃﻣﺮﺕ، ﻭ ﺗﺤﻔﻆ ﻏﻴﺒﺘﻚ ﻓﻲ ﻧﻔﺴﻬﺎ ﻭ ﻣﺎﻟﻚ ﺧﻴﺮ ﺍﻟﻨﺴﺎﺀ ﻣﻦ ) «Беҳтарини занон ҳамоне аст, ки вақте ба ӯ нигоҳ мекунӣ туро хушҳол мекунад ва вақте, ки ба ӯ амр мекунӣ, туро итоат мекунад ва дар
набудани ту худро ва моли туро ҳифз мекунад». (Саҳеҳул-ҷомеъ 3299). Бисёр ҷои
таъаҷҷуб аст, ки хоҳарони мо имрӯзҳо дар хона, дар назди шавҳаронашон ба
худ аҳамият намедиҳанд, вале ҳангоми баромадан аз хона, худро аз ҳадд зиёд
орову торо медиҳанд: (Маймуни хона, оҳуи кӯча)!!? Пас эй Хоҳари Мусалмон! Дар
бораи шавҳарат аз Аллоҳ битарс, ва бидон ки ӯ аз дигарон дида ба зебу зиннати ту шоистатар аст. Ту бояд худро дар назди шавҳарат зебу зиннат диҳӣ, на дар
кӯчаву бозор… Ҳақи дигари мард бар ҳамсараш он аст, ки дар хона бимонад ва бе
иҷозати шавҳар аз хона берун наравад. Ҳатто агар ба масҷид бошад, ҳам бояд аз
шавҳар иҷозат бигирад. Аллоҳ чунин мефармояд: ﻭ ﻗﺮﻥ ﻓﻲ ﺑﻴﻮﺗﻜﻦ«Ва дар хонаҳоятон бимонед». (Сураи ал-Аҳзоб 33). 5. Ҳақи дигари мард бар зан ин аст, ки
бе иҷозати шавҳараш касеро ба хона роҳ надиҳад. Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу
алайҳи ва саллам) фармудаанд: (ﺃﻻ ﻳﻮﻃﺌﻦ ﻣﻦ ﺗﻜﺮﻫﻮﻥ، ﻭ ﻻ ﻳﺄﺫﻥ ﻓﻲ ﺑﻴﻮﺗﻜﻢ ﻟﻤﻦ ﺗﻜﺮﻫﻮﻥ ﻓﺤﻘﻜﻢ ﻋﻠﻴﻬﻦ ) «Ҳақи шумо бар занонатон ин аст, ки номусатонро ҳифз кунанд ва касеро, ки дӯст намедоред ба хонаҳоятон роҳ надиҳанд». (Саҳеҳи Ибни
Моҷаҳ/1501 ва Тирмизӣ/2/315/1173). 6. Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки аз
дороии (моли) шавҳараш нигаҳбонӣ кунад ва бе иҷозат аз он сарф накунад.
Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: ( ﻭ ﻻ ﺗﻨﻔﻖ ﺍﻣﺮﺃﺓ ﺷﻴﺌﺎً ﻣﻦ ﺑﻴﺖ ﺯﻭﺟﻬﺎ، ﺇﻻ ﺑﺈﺫﻥ ﺯﻭﺟﻬﺎ، ﻗﻴﻞ ﻭ ﻻ ﺍﻟﻄﻌﺎﻡ؟ ﻗﺎﻝ: ﺫﻟﻚ ﺃﻓﻀﻞ ﺃﻣﻮﺍﻟﻨﺎ ) ( ﺣﺴﻦ، ﺹ.ﺝ 18/59 ) «Зан набояд аз моли шавҳараш харҷ кунад, илло он вақте, ки шавҳараш иҷозат диҳад.
Гуфтанд: ҳатто таъом? (яъне, ҳатто таъомро ҳам бе иҷозати шавҳараш надиҳад),
Фармуданд: «Он беҳтарин амволамон аст». (Ҳасан, Саҳеҳул-ҷомеъ 18/59) Балки
ҳақи шавҳар бар ҳамсараш ин аст, ки ҳатто аз моли шахсии худаш ҳам, бе
иҷозати шавҳар харҷ нанамояд. Ба далели фармудаи Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу
алайҳи ва саллам): ( ﻟﻴﺲ ﻟﻠﻤﺮﺃﺓ ﺃﻥ ﺗﻨﺘﻬﻚ ﺷﻴﺌﺎً ﻣﻦ ﻣﺎﻟﻬﺎ ﺇﻻ ﺑﺈﺫﻥ ﺯﻭﺟﻬﺎ ) ( ﺍﻟﺼﺤﻴﺤﺔ،775 ) , ( ﺍﻟﻔﻮﺍﺋﺪ 10/182/2 ) «Зан наметавонад дар моли худаш тасарруф кунад, магар ба иҷозаи шавҳараш». (Силсилаи саҳиҳа — 775) 7. Ҳақи дигари мард бар зан он аст,
ки дар ҳузури шавҳараш рӯзаи нофила нагирад, магар бо иҷозаи шавҳараш.
Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) чунин мефармоянд: ( ﺷﺎﻫﺪ ﺇﻻ ﺑﺈﺫﻧﻪ ﻻ ﻳﺤﻞ ﻟﻠﻤﺮﺃﺓ ﺃﻥ ﺗﺼﻮﻡ ﻭ ﺯﻭﺟﻬﺎ ) ﺻﺤﻴﺢ ( ﺹ.ﺝ 7647 ) ، ﺥ ( 5195/295/9 ). «Ҷоиз нест, ки зан дар ҳузури шавҳараш рӯза бигирад, магар ба иҷозаи ӯ». (Саҳиҳул-ҷомеъ 7647)
Ҳақи дигари мард бар завҷааш он аст, ки агар зан аз пулу моли худаш барои хона
масраф намояд, миннат нагзорад (таъна назанад). Зеро ки миннат аҷру савобро аз
байн мебарад. Худованди Мутаъол мефармояд: ﺁﻣﻨﻮﺍ ﻻ ﺗﺒﻄﻠﻮﺍ ﺻﺪﻗﺎﺗﻜﻢ ﺑﺎﻟﻤﻦ ﻭ ﺍﻷﺫﻱ ﻳﺎ ﺃﻳﻬﺎ ﺍﻟﺬﻳﻦ«Эй касоне, ки имон овардаед, садақоту бахшишҳои худро бо миннат ниҳодан ва озор расонидан пучу бекор насозед». (Сураи Бақара, ояи 264). 9. Ҳақи
дигари мард бар зан он аст, ки бояд ба каму костии зиндагӣ розӣ шавад ва ба он
чӣ, ки мавҷуд аст қаноъат кунад. Чизеро, ки берун аз тавоноии шавҳараш аст, аз
ӯ талаб накунад. Аллоҳи Меҳрубон мефармояд: . _ ﻣﻤﺎ ﺁﺗﺎﻩ ﺍﻟﻠﻪ ﻻ ﻳﻜﻠﻒ ﺍﻟﻠﻪ ﻧﻔﺴﺎً ﺇﻻ ﻣﺎ ﺁﺗﺎﻫﺎ ﺳﻴﺠﻌﻞ ﺍﻟﻠﻪ ﺑﻌﺪ ﻋﺴﺮ ﻳﺴﺮﺍً ﻟﻴﻨﻔﻖ ﺫﻭ ﺳﻌﺔ ﻣﻦ ﺳﻌﺘﻪ ﻭ ﻣﻦ ﻗﺪﺭ ﻋﻠﻴﻪ ﺭﺯﻗﻪ ﻓﻠﻴﻨﻔﻖ № «Онон, ки доро ҳастанд аз дороии худ (ба андозаи тавон) харҷ кунанд ва онон, ки тангдаст
ҳастанд аз чизе, ки Аллоҳ ба онҳо додааст харҷ кунанд. Аллоҳ ҳеҷ касеро ҷуз ба
он андозае, ки ба ӯ додааст мукаллаф намесозад. Аллоҳ баъд аз сахтиву нохушӣ,
кушоиш ва хуширо пеш меоварад». (Сураи Талоқ, ояи 7). 10. Ҳақи дигари мард бар
зан он аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият кунад ва дар назди шавҳараш аз
саллам) мефармоянд: (ﺇﻻ ﻗﺎﻟﺖ ﺯﻭﺟﺘﻪ ﻣﻦ ﺍﻟﺤﻮﺭ ﺍﻟﻌﻴﻦ: ﻻ ﺗﺆﺫﻳﻪ ﻗﺎﺗﻠﻚ ﺍﻟﻠﻪ، ﻓﺈﻧﻤﺎ ﻫﻮ ﺩﺧﻴﻞ ﻋﻨﺪﻙ ﻳﻮﺷﻚ ﺃﻥ ﻳﻔﺎﺭﻗﻚ ﺇﻟﻴﻨﺎ ﻻ ﺗﺆﺫﻱ ﺍﻣﺮﺃﺓ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﺪﻧﻴﺎ ) ﺕ ( 1184/320/2 ). «Ҳар зане, ки дар дунё шавҳарашро озор диҳад, ҳурони Биҳишт (занони ин мард дар Ҷаннат) мегӯянд:
Аллоҳ туро бикушад! Ӯро озор надеҳ! Ӯ ҳоло назди ту аст ва ба зудӣ аз ту ҷудо
шуда назди мо меояд». (Саҳеҳи Тирмизӣ 2/320/1184) 11. Ҳақи дигари мард бар зан
он аст, ки падару модари шавҳарашро бояд эҳтиром намояд, зеро зане, ки бо
падару модар ва наздикони шавҳараш бадӣ мекунад, дар асл ба шавҳараш бадӣ
кардааст. 12. Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки ҳаргоҳ шавҳараш ӯро ба бистар даъват кард, имтиноъ наварзад (радд накунад). Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи
ва саллам) чунин мефармоянд: ( ﻓﺮﺍﺷﻪ ﻓﻠﻢ ﺗﺄﺗﻪ ﻓﺒﺎﺕ ﻏﻀﺒﺎﻥ ﻋﻠﻴﻬﺎ ﻟﻌﻨﺘﻬﺎ ﺍﻟﻤﻼﺋﻜﺔ ﺣﺘﻲ ﺗﺼﺒﺢ ﺇﺫﺍ ﺩﻋﺎ ﺍﻟﺮﺟﻞ ﺇﻟﻲ ) ﻣﺘﻔﻖ ﻋﻠﻴﻪ: ﺥ ( 51...Ещёфарзандон гила ва дуои бад накунад ва онҳоро дашном надиҳад, зеро ки ин кор сабаби хашму нороҳатии шавҳар мешавад. Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва
саллам) мефармоянд: (ﺇﻻ ﻗﺎﻟﺖ ﺯﻭﺟﺘﻪ ﻣﻦ ﺍﻟﺤﻮﺭ ﺍﻟﻌﻴﻦ: ﻻ ﺗﺆﺫﻳﻪ ﻗﺎﺗﻠﻚ ﺍﻟﻠﻪ، ﻓﺈﻧﻤﺎ ﻫﻮ ﺩﺧﻴﻞ ﻋﻨﺪﻙ ﻳﻮﺷﻚ ﺃﻥ ﻳﻔﺎﺭﻗﻚ ﺇﻟﻴﻨﺎ ﻻ ﺗﺆﺫﻱ ﺍﻣﺮﺃﺓ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﻓﻲ ﺍﻟﺪﻧﻴﺎ ) ﺕ ( 1184/320/2 ). «Ҳар зане, ки дар дунё шавҳарашро озор диҳад, ҳурони Биҳишт (занони ин мард дар Ҷаннат) мегӯянд:
Аллоҳ туро бикушад! Ӯро озор надеҳ! Ӯ ҳоло назди ту аст ва ба зудӣ аз ту ҷудо
шуда назди мо меояд». (Саҳеҳи Тирмизӣ 2/320/1184) 11. Ҳақи дигари мард бар зан
он аст, ки падару модари шавҳарашро бояд эҳтиром намояд, зеро зане, ки бо
падару модар ва наздикони шавҳараш бадӣ мекунад, дар асл ба шавҳараш бадӣ
кардааст. 12. Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки ҳаргоҳ шавҳараш ӯро ба бистар даъват кард, имтиноъ наварзад (радд накунад). Расулуллоҳ (салла-а-ллоҳу алайҳи
ва саллам) чунин мефармоянд: ( ﻓﺮﺍﺷﻪ ﻓﻠﻢ ﺗﺄﺗﻪ ﻓﺒﺎﺕ ﻏﻀﺒﺎﻥ ﻋﻠﻴﻬﺎ ﻟﻌﻨﺘﻬﺎ ﺍﻟﻤﻼﺋﻜﺔ ﺣﺘﻲ ﺗﺼﺒﺢ ﺇﺫﺍ ﺩﻋﺎ ﺍﻟﺮﺟﻞ ﺇﻟﻲ ) ﻣﺘﻔﻖ ﻋﻠﻴﻪ: ﺥ ( 5194/294/9 ) ، ﻡ ( 1436/1060/2 ) ، ﺩ ( 2127/179/6 ). «Ҳаргоҳ мард аз ҳамсараш хост то дар бистараш ҳозир шавад, вале ҳамсараш
радд намуду шавҳар аз ӯ хашмгин шуд, Малоика то субҳ ӯро (занро) лаънат
мекунанд». (Бухорӣ ва Муслим). Дар ҳадиси дигар омадааст: ( ﻭ ﺇﻥ ﻛﺎﻧﺖ ﻋﻠﻲ ﺍﻟﺘﻨﻮﺭ ﺇﺫﺍ ﺩﻋﺎ ﺍﻟﺮﺟﻞ ﺯﻭﺟﺘﻪ ﻟﺤﺎﺟﺘﻪ ﻓﻠﺘﺄﺗﻪ) «Ҳаргоҳ мард ҳамсарашро барои ҳоҷаташ даъват кард, бояд назди ӯ биравад, агарчӣ назди танур бошад ҳам (машғули пухту паз)».
13. Ҳақи дигари мард бар зан он аст, ки дар паҳн кардани асрори хонаводагӣ
худдорӣ кунад. Муҳимтарин асроре, ки занон бепарвоӣ намуда онро фош
мекунанд, ин корҳое аст ки зану шавҳар дар бистар анҷом медиҳанд. Дар ин бора
ба дигарон сухан гуфтанро Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллама) манъ
кардаанд: (ﻣﺎ ﻳﻔﻌﻞ ﺑﺄﻫﻠﻪ ﻭ ﻟﻌﻞ ﺇﻣﺮﺃﺓ ﺗﺨﺒﺮ ﺑﻤﺎ ﻓﻌﻠﺖ ﻣﻊ ﺯﻭﺟﻬﺎ؟ ﻓﺄﺭﻡ ﺍﻟﻘﻮﻡ ﻓﻘﻠﺖ: ﺇﻱ ﻭ ﺍﻟﻠﻪ ﺇﻧﻬﻦ ﻟﻴﻔﻌﻠﻦ ﻭ ﺇﻧﻬﻢ ﻟﻴﻔﻌﻠﻮﻥ. ﻗﺎﻝ ﻓﻼ ﺗﻔﻌﻠﻮﺍ، ﻓﺈﻧﻤﺎ ﺫﻟﻚ ﻣﺜﻞ ﺷﻴﻄﺎﻥ ﻟﻘﻲ ﺷﻴﻄﺎﻧﺔ ﻓﻲ ﻟﻌﻞ ﺭﺟﻼً ﻳﻘﻮﻝ
ﻃﺮﻳﻖ ﻓﻐﺸﻴﻬﺎ ﻭ ﺍﻟﻨﺎﺱ ﻳﻨﻈﺮﻭﻥ ﻳﺎ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ Аз Асмоа бинти Язид (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфтаанд: Назди Паёмбар (салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) будам
ва занону мардоне низ атрофашон нишаста буданд, Паёмбар (салла-а-ллоҳу
алайҳи ва саллам) фармуданд: «Шояд баъзе аз мардону занон асрори заношӯйии
худро бозгӯ кунанд?» Мардум хомӯш шуданд, гуфтам: Бале, ба Аллоҳ қасам эй
Расулуллоҳ, ки занону мардон ин корро мекунанд (яъне дар бораи он чизҳо
гуфтугӯй мекунанд). Фармуданд: «Ин корро накунед, зеро ин кор монанди кори шайтони наре аст, ки шайтони модаеро дар роҳ мебинад ва дар ҳоле, ки мардум
ба онҳо нигоҳ мекунанд, бо ӯ омезиш мекунад». (Саҳеҳ, Одоби зифоф/72). 14. Ҳақи
дигари мард бар зан он аст, ки дар зиндагонӣ кардан бо шавҳараш розӣ ва ҳарис
бошад ва бе сабаб аз ӯ талоқ талаб накунад. Аз Савбон ривоят аст, ки Расулуллоҳ
(салла-а-ллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: ( ﻣﻦ ﻏﻴﺮ ﻣﺎ ﺑﺄﺱ ﻓﺤﺮﺍﻡ ﻋﻠﻴﻪ ﺭﺍﺋﺤﺔ ﺍﻟﺠﻨﺔ ﺃﻳﻤﺎ ﺍﻣﺮﺃﺓ ﺳﺄﻟﺖ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﺍﻟﻄﻼﻕ) «Ҳар зане, ки бе сабаб талоқ талаб мекунад, бӯйи Биҳишт бар ӯ ҳаром аст». (Ал Ирвоъ 2035, Саҳеҳи Тирмизӣ (2/2/329/1199), Ибни
Моҷаҳ (1/622/2055). Ва дар ҳадиси дигаре омадааст: ﺻﺤﻴﺢ ( ﺹ.ﺝ 6681 ) ، ( 632 ﺍﻟﺼﺤﻴﺤﺔ ) ، ﺕ ( 1198/329/2 ) . ( ﺍﻟﻤﺨﺘﻠﻌﺎﺕ ﻫﻦ ﺍﻟﻤﻨﺎﻓﻘﺎﺕ ) «Заноне, ки хулъ (талаби талоқ) мекунанд, онҳо мунофиқанд». (Тирмизӣ (2/329/1198). Эй хоҳари Мусалмон! Ин
буд ҳуқуқи шавҳарат бар ту! Лозим аст то бо тамоми тавоноият бар адои он
кӯшиш намоӣ. Аз хатогиҳои шавҳарат гузашт намоӣ. Ҳамаи ин сабаб мешавад, ки
меҳру муҳаббат байни шумо пойдор мемонад ва хонавода ислоҳ мешавад.
Ислоҳи ҷомеъа низ аз ислоҳи хонаводаҳост.
Аз зора кардана бардору ба болои курпача бизан, чи хам мега, зураш намераса , гарданакта огуш мекуна.
Малоикахо занак мебошанд, мурдан акун барои як мардаки носкашу папироскашу майнуши бечон занака дуои бад мекунанд.
Бо мардаки покиза хама занак хуфту хез мекунанд.
Э зур нести, машк кун, бой без правила бирав, нос накаш, сигарета дудша аз дахону кафот набарор , мехнат кун, аз ширфурушии занат ё гашничфурушиш нон нахур, ки занака дилаш шарм шава.
Э дар бозор мардак бисер, бозориш карди ба дар ту мета, рута сиех карди, мардаки пулдор ранши чураи ман Ниезов бисер, як механда , кисаша холи мекуна , бо поездаш Маскав мера , чумохои дигара сер карда, кисашона холи карда хонаш мебиёя.
Ту боши ривояти кампири Хадисаро ба занако накл дори , у занако даври кадимда буданд.
Хозирангиё чувут мезанан , туворангия бурда да Африка мефурушанд.
Дар хамон чо косашув...ЕщёМардак ки заиф бошад, зураш ба занаш нарасад, баъд ба афсонагуи сар мекунад, сад ривоят накл мекунад. Занак як шаташ мезанаву чумош мекунад.
Аз зора кардана бардору ба болои курпача бизан, чи хам мега, зураш намераса , гарданакта огуш мекуна.
Малоикахо занак мебошанд, мурдан акун барои як мардаки носкашу папироскашу майнуши бечон занака дуои бад мекунанд.
Бо мардаки покиза хама занак хуфту хез мекунанд.
Э зур нести, машк кун, бой без правила бирав, нос накаш, сигарета дудша аз дахону кафот набарор , мехнат кун, аз ширфурушии занат ё гашничфурушиш нон нахур, ки занака дилаш шарм шава.
Э дар бозор мардак бисер, бозориш карди ба дар ту мета, рута сиех карди, мардаки пулдор ранши чураи ман Ниезов бисер, як механда , кисаша холи мекуна , бо поездаш Маскав мера , чумохои дигара сер карда, кисашона холи карда хонаш мебиёя.
Ту боши ривояти кампири Хадисаро ба занако накл дори , у занако даври кадимда буданд.
Хозирангиё чувут мезанан , туворангия бурда да Африка мефурушанд.
Дар хамон чо косашуваки негро шуда мегарди.
Насихати бобои Мергана фахмиди , отат хамика намефахмона.
Ривоята бхон, бачаи содае!
Куршапаракон гирди сафорати Русия , пеши цирк бо нархош пур шудааст.
Занак хач рафтааст, мардакаш дар мардикорбозор , аз нигохи кадом мусулмони.
Дунеи дуруг, дунеи фосик , худошиносии дуруг.
Зан пораи мард аст , киблагохаш мард аст, чи тавр хач рафтааст?
Пас мардакои заиф ин занхоро хочибиби хонед, зане , ки мардро писанд накарда , уро хеч кас шуморида хач кардааст.
Худое , ин аз кадом акида гирифта шудааст.
Э бие мон, видио тамошо кун!