Аллоҳ – الله – Худои ягона ва офарандаи кулли мавҷудот
Ар-Раҳмон – الرحمن – бахшоянда, меҳрубон бар махлуқот
Ар-Раҳим – الرحیم – раҳмкунанда бар махлуқот
Ал-Малик – الملك – соҳибу фармонравои ҳамаи оламу махлуқот
Ал-Қуддус – القدوس – муқаддас, холис аз костагиву гуноҳон
Ас-Салом – السلام – сулҳу рифоҳу оромишдиҳанда бар махлуқот
Ал-Муъмин – المؤمن – имондиҳанда ва эминдорандаи махлуқот
Ал-Муҳаймин – المهيمن – нигаҳбону ҳомии махлуқот
Ал-Азиз -العزيز – пуриқтидор, ғолибу чирадаст бар ҳама
Ал-Ҷаббор – الجبار – мутеъкунанда, муқовиматнопазир
Ал-Мутакаббир – المتكبر – бартар аз ҳама махлуқот
Ал-Холиқ – الخالق – халқкунандаи тамоми мавҷудот
Ал-Борӣ – الباری – офаридгор ва созандаи махлуқоту мавҷудот
Ал-Мусаввир – المصور – шаклдиҳанда ва меъмори мавҷудот
Ал-Ғаффор – الغفار – бахшанда ва омурзандаи гуноҳони махлуқот
Ал-Қаҳҳор – القهار – ҳукмкунанда танҳо ба иродаи хеш
Ал-Ваҳҳоб – الوهاب – хайру неъматдиҳанда бар махлуқот
Ар-Раззоқ – الرزاق – тақсимкунандаи неъматҳои бар махлуқот
Ал-Фаттоҳ – الفتاح – кушояндаи асрор ва мушкилоти махлуқот
Ал-Ъалим – العليم – донандаи ҳама чиз
Ал-Қобиз – القابض – кам ва маҳдудкунандаи ҳар чиро, ки хоҳад
Ал-Босит – الباسط – зиёдкунандаи ҳар чизеро, ки хоҳад
Ал-Хофиз – الخافض – залилкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ар-Рофеъ – الرافع – баландбардорандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ал-Муиз – المعز – тақвият ва нусратдиҳандаи ҳар киро, ки хоҳад
Ал-Музил – المذل – хору заифкунандаи ҳар касеро, ки хоҳад
Ас-Сомеъ – السميع – шунавандаи ҳама гуна сухани махфию ошкор
Ал-Басир – البصير – бинандаи ҳама ошкору ниҳон
Ал-Ҳакам – الحكم – довар ва ҳама ҳукм Ӯрост
Ал-Адл – العدل – боадл ва адолат дар дасти Ӯст
Ал-Латиф – اللطيف – соҳиби лутфи беандоза дар нисбати махлуқот
Ал-Хабир – الخبير – бохабар аз ҳама ошкору ниҳон
Ал-Ҳалим – الحليم – боҳилму нармдил дар нисбати махлуқот
Ал-Азим – العظيم – бузург бениҳояту беандоза
Ал-Ғафур – الغفور – афвкунандаи гуноҳон
Аш-Шакур – الشكور – муташаккир нисбат ба бандагони мутеъ
Ал-Ъалӣ – العلی – мутаол, беҳудуд баланду олӣ
Ал-Кабир – الكبير- бузург ва чизе бо Ӯ баробар нест
Ал-Ҳафиз – الحفيظ – муҳофизаткунандаи ҳамаи мавҷудот
Ал-Муқит – المقيت – фароҳамсозандаи ҳастии махлуқот
Ал-Ҳасиб – الحسيب – кифояткунанда барои бандагон
Ал-Ҷалил – الجليل – шукӯҳманд ва бенуқсу бошаҳомат
Ал-Карим – الكريم – саховатманде, ки дар карамаш коҳиш нест
Ар-Рақиб – الرقيب – назораткунанда ба ҳоли махлуқот
Ал-Муҷиб – المجيب – мушфиқу посухдиҳанда ба дархости бандагон
Ал-Восеъ – الواسع – ҳамаро фарогирифта
Ал-Ҳаким – الحكيم – донишмандтарин
Ал-Вадуд – الودود – дӯстдори бандагони содиқи хеш
Ал-Маҷид – المجيد – бошараф, бошукӯҳ, наҷиб
Ал-Боис – الباعث – зиндакунанда дар рӯзи Қиёмат
Аш-Шаҳид – الشهيد – шоҳиди аъмоли бандагон дар охират
Ал-Ҳақ – الحق- ҳақ ва барқароркунандаи ҳақиқат
Ал-Вакил – الوكيل – ваколатманд, оне, ки қобили эътимод аст
Ал-Қавӣ – القوى – муқтадир, соҳиби иқтидори мутлақ
Ал-Матин – المتين – устувор, барои тасмимаш ба василае бениёз
Ал-Валӣ – الولى – дӯстдори бандагони бовафои худ
Ал-Ҳамид – الحميد – лоиқи мадҳу ситоиш
Ал-Муҳсӣ – المحصى – ҳисобдор, барои ҳама ҳад муқарраркунанда
Ал-Мубдӣ – المبدئ – бунёдгузор, ҳамаро бо хиради худ офаранда
Ал-Муъид – المعيد – баргардонандаи зиндаҳо ба мурдаҳо ва баръакс
Ал-Муҳйӣ – المحيى – ҳаётбах ва зиндагардонанда баъд аз марг
Ал-Мумит – المميت – миронандаи махлуқоташ баъди ҳаёт
Ал-Ҳай – الحی – зинда, ҳамешаву ҷовид зинда
Ал-Қаюм – القيوم – мустақил, новобаста аз касеву бениёз ба чизе
Ал-Воҷид – الواجد – давлатманд, оне, ки ҳама дороӣ аз Ӯст
Ал-Моҷид – الماجد – шукӯҳманд, соҳиби азамати бузург
Ал-Воҳид – الواحد – якка, ягона, касе бо Ӯ баробар нест
Ас-Самад – الصمد – абадӣ ва тағйирнопазир, мустақил
Ал-Қодир – القادر – тавоно, қодир ба офаридану нобуд кардан
Ал-Муқтадир – المقتدر – абарқудрат, касе иқтидори Ӯро надорад
Ал-Муқаддим – المقدم – наздиккунандаи бандагони маҳбуби худ
Ал-Муаххир – المؤخر – дуркунандаи бандагони бадкор аз хеш
Ал-Аввал – الأول – ибтидокунандаи хилқат ва ҷовидонӣ
Ал-Охир – الأخر – интиҳодиҳандаи хилқат ва ҷовидонӣ
Аз-Зоҳир – الظاهر – ошкор, дар ҳама ҷо зоҳир
Ал-Ботин – الباطن – махфӣ дар чашм, зоҳир бо нишонаҳояш
Ал-Волӣ – الوالی – ҳоким, ҳукмфармои ҳама мавҷудот
Ал-Мутаъолӣ – المتعالی – олитарин, болотар аз дарки махлуқ
Ал-Барр – البر – накӯкору меҳрубон барои бандагони содиқ
Ат-Таввоб – التواب – тавбапазири бандагони хеш
Ал-Мунтақим – المنتقم – муҷозоткунанда, интиқомгир аз бадкорон
Ал-Афув – العفو – авфкунандаи бандагон
Ар-Рауф – الرؤوف – меҳрубон, дилсӯз
Малику Мулк – مالك الملك – шаҳаншоҳи тамоми офаридагонаш
Зулҷалоли Валикром – ذو الجلال والإكرام – соҳиби азамату илтифот
Ал-Муқсит – المقسط – боадолат, дар ҳама кораш одил аст
Ал-Ҷомеъ – الجامع – ҷамъкунандаи махлуқот барои подоши аъмол
Ал-Ғанӣ – الغنی – доро, бениёз ва махлуқоташ ниёзманди Ӯ
Ал-Муғнӣ – المغنی- ғанигардонанда касеро, ки хоҳад
Ал-Монеъ – المانع – манъкунанда, боздоранда аз роҳи бад
Аз-Зор – الضار – азбайнбаранда, нобудкунанда қабоили бадкорро
Ан-Нофеъ – النافع – нафърасонанда касеро, ки хоҳад
Ан-Нур – النور – равшанкунандаи роҳ барои бандагонаш
Ал-Ҳодӣ – الهادی – ҳидояткунанда ба роҳи рост
Ал-Бадеъ – البديع – офаринанда, мухтареъи офаридаҳояш
Ал-Боқӣ – الباقی – абадӣ, ҷовид, фанонопазиранда, абадбоқӣ
Ал-Ворис – الوارث – вориси ҳамаи офаридаҳояш
Ар-Рашид – الرشيد – ба роҳи росту ҳақ баранда
Ас-Сабур – الصبور – бурдбор, босабр, мӯҳлатдиҳанда
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев