Бод макбули хама ахли кабул.
Токи маьлуми ту гардад уматаш.
То хадас ин уматонро шафкаташ.
Бад аз он оям ба мадхи чор ёр.
Эй бародар як замоне гуш дор.
Чумла щабхо Мустафо бедор буд.
Итифокхо як шабе хобаш бибурд.
Буд дар хоб у то вакти намоз.
Ногахон омад итоб эй бениёз
Андар он соат ба фармониХудо
Ин нидо омад ба гущи Мустафо.
Эй Мухаммад хоби ту зеюанда нест
Харки дар хизматат бошад банда нест.
Офаридам ман туро аз бахри он.
То щави пушту панохи уматон.
Чун тк пардохти ба хоби ними шаб.
Кардам акнун уматонатро газаб.
Дузах андозам хама аз ому хос.
Як тан аз эшон намонам нагардонам халос.
Чун шунид ин кисаро хайрул башар.
Умате гуфту аз ончо шуд бадар.
Рафт аз он чою надидаш хеч кас.
Донад уро олами асрор бас.
Нолахо кардан хама ёрон fурев.
Ларзае афтод андар чину дев.
Ногахон дидан чупонеро зи дур.
Гашт ончодар дили эшон сурур.
Назди у рафтан бипурсидан аз у.
Гар зи Пайгмбар хабар дори бигу.
Чун ду се рузаст гум кардаем мо .
Аз фирокаш хуни дил хурдем мо.
Гуфт кай ман Мустафоро дидаам .
Балки номашаз касе нашнидаам.
Лек се рузаст ки овози хуруш .
Аз миёни кух меойд ба гуш.
Чонварон аз нолаи у хастаан.
Аз чаро монда даханхо бастаан.
Ман намедонам ки ин овози кист.
Ин хам нолиданаш аз бахри чист.
Мерасад бар гуши ман хар соате.
Нолахо во умате ё умате.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев