Предыдущая публикация
Ҳарчанд зада лофи вафо ҷумлаи ёрон, Ман боварӣ, аммо ба ягон ёр надорам. Лафзу қасаму аҳд шуда сафсатагӯйӣ, Пас хоҳиши бишнидани изҳор надорам. Бар пои касе ҳеҷ наафтам ба тавалло, Танҳоям, агарчи каси ғамхор надорам. На зӯриву на зориву на зар ба барам нест, Ман феъли хушомад задани ёр надорам! Ҳаргиз назанам хандаву чашмак ба нигоре, Чун бо санаму ёри касе кор надорам. Ин мисра баромад зи дили хастаи Маҳкам: "Як шаҳр пур аз дилбару ман ёр надорам."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев