Паёми Табрикоти ба Муносибати Фарорасии Рӯзи Дониш...
Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Донишҷўён ва хонандагони гиромӣ!
Ҳар сол дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Роҳбари Олии Кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд ва таъкид мекунанд ва таъкид намудаанд: “Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумуи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса, ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад”.
Ҳамватанони Азиз!
Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ва Тоҷикистониён ин манбаи маърифатро ҳамеша арҷ мегузоштанд. Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз равишҳои муосири таълиму тарбия истифода барем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии наврасону ҷавонони ояндасозро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро тақвият бахшем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем.
Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни Ватани азизамонро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил самимона табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, дастоварду муваффақият ва хониши хубу аъло таманно менамоям.
Ид муборак, устодону донишҷўён ва хонандагони азиз!
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев