Марде ғуломашро ба наздаш хонду ба у фармуд то дар заминаш гандум бикорад. Аммо он ғулом ба ҷои гандум дар замин ҷав корид. Чун замони гундоштани ҳосил расид он мард бидид, ки заминаш пур аз ҷав аст- аммо аз гандум нишоне нест. У ба ғазаб омаду ғуломро ба наздаш хонд ва пурсид: - Магар ман ба ту нафармуда будам то гандум бикори? - Бале! Аммо ман гумон кардам, ки ҷав корам шояд гандум бируяд!- ҷавоб гуфт ғулом. Он мард аз аввал дида зиёдтар хашмгин гашт ва гуфт: -Беақл! Ту оё боре нафареро дидаи, ки як чи кошта бошаду ҳосили дигар чиз ба даст оварда бошад? Он ғулом дар ҷавоб гуфт: -Бале! Ман ҳама руз дар аьмоли ту мебинам инро. Чун ту дар ин "киштзори охират"(дунё) ҳама амалҳоят нофармонии Худованд аст - боз гумон дори ҳосили ин хама аьмол Ҷаннат хоҳад буд? -Хуб чаро ту ба Худованд нофармони менамои,ҳарромкардаҳояшро истифода мебари, аз хайру саховат руй гардонидаи, тавбаву истиғфор надори - ва боз ҳам умед дори ҳосили ин ҳама нофармониатҶаннат хоҳад буд? -Магар ту нашунидаи, ки: - «Ин дунё киштзори охират аст! Барои охирати хеш кишт кун-то ҳосилашро дар охират ба даст ори»! Суханони он ғулом ба он мард сахт кора кард ва у хатоҳояшро дарк намуду ба суи Худованд «тавбаи насуҳ» карда руй ба тоъату ъибодат ва хайру саховат овард. Сипас он ғуломи оқилу доноро озод намуд!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев