Андаруни ҷаннати рӯи замин мебинӣ хеш.
Накҳати ҳӯлбӯйи ҷӯйборони он мавзеъ аҷаб,
Боди форам мевазад он лаҳза бо шаббода беш.
Бар Сародеҳаш чу оӣ, бинӣ кӯҳҳои баланд,
Кандакорӣ карда гӯё санги он ҷо дилписанд.
Мебарад бар дуриҳо ҳушу хаёли ҳар касе,
Ранги зармонанди сурхи қуллаҳо бинмуда банд.
Деҳаи Бобои Дархонро бубинӣ, пас аз он,
Зодагонаш аҳли фарҳанганду бо ҳам меҳрубон.
Хурраму сарсабзу обод асту гулбоғи Ирам,
Кӯчаҳо бо номи зебо, ҳамчу "Санги ошиқон".
Деҳаи Хиштхона меояд, аз он ҷо бигзарӣ,
Ҳомиёни қонун афзӯн андар он хуб бингарӣ.
Дар лаби сойу баландиҳо сафедорон ба рақс,
Аз садои кабки кӯҳсораш ҳаловат мебарӣ.
Машҳад, имрӯз исми фарзанди шуҷо бигрифтааст,
Номи неки Додситони кулли мо бигрифтааст.
Баччамарди қаҳрамон, фарзанди маҳбуби Ватан,
Бар Ҳувайдулло писар, он Нурулло бигрифтааст.
Зодагоҳи Маъдани ширинсухан ояд сипас,
Мевазад з-он деҳ насими тозае бар рӯи кас.
Ваҳ чӣ зебо ар равӣ то домани Бобои Об,
Бар димоғат атри гулҳо мерасад дар ҳар нафас.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев