Предыдущая публикация
Ӯ нагуфтам, ки чаро омадӣ, дорӣ чӣ калом.
Гуфтам, аз ҳаҷри ту хун шуд дили бечораи ман,
Ӯ на ҳарфе, на ҷавобе, на каломеву на лом.
Гуфтам, аз сӯзиши қалбу ҷигару дарди фироқ,
Баҳри таскини дилам, н-омад аз он хуфта паём.
Гуфтам, аз фурқату аз доғи ҷудоиву азоб,
Ӯ напурсид, ки чаро омадиву бар ту чӣ ном.
Гуфтам, эй қиблагаҳам, пушту паноҳам, падарам,
Бишнав, ин рози ҷигарбанди худатро ба тамом.
Ва бигуфтам, ки аё сарпанаҳам, такягаҳам,
Бе ту бо синаи абгораму нопӯхтаву хом.
Менахезиву намепурсӣ, ки чуниву чӣ сон,
Менадонӣ, ки ба ёди туям аз сӯбҳ ба шом.
Менагӯӣ, ки биё, ҷон писарам, Мақсудалӣ,
Пурсӣ аз зиндагимон, гӯямат он, бе ту кадом.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 23