Ба иштирокчиёни ҶБВ аз диёри Понғоз.
*************
Баччамардони диёри нозанин,
Нуридин бо Дилбару бо Фахридин.
Саъдидин, Ҳамроқулу Аҳмадалӣ,
Рафта бо ҷанги ҷаҳон аз ин замин.
Офарин бодо далерони Ватан,
Родмардони диёри хештан.
Мисли Ҳотамқул басо ҷангидаед,
Гарму сарди зиндагиро дидаед.
Офарин, бо Исматуллоҳи Азим,
Душманонро то маконаш бурдаед.
Ифтихори мо шумо ҷанговарон,
Қаҳрамонеду Ватанро пуштибон.
Номи Юлдошу Дадоматро бубин,
Чун Ибодуллоҳу чун Зайлобидин.
Нурулло, Пулод Ниёзӣ қаҳрамон,
Мисли Одирмад Азизмад ҳамчунин.
Бо шумо болем, аё шерони даҳр,
Ғолибони рафта бо кӯҳу ба баҳр.
Абдуқодиру Мираҳмад дида ҷанг,
Мондаанд андар таҳи тиру туфанг.
Мисли Раҳматҷону Тӯйчӣ, Мадҳаким,
Монда Майсуф зери тиру хоку чанг.
Ҳамдиёрон номатон поянда бод,
Душман аз ҷанги шумо омад ба дод.
Чори додарҳои гумном, бедарак,
Рафта н-омад аз маҳалли Хуҷибак.
Ҳамчунон аз Қалъа чори додарон,
Рафта боз омад ба мулкаш як ба як.
Эй басо афзун бувад аз деҳи ман,
Қаҳрамонони бананги ин Ватан.
Чун Расулзода яке соҳибқалам,
Ҷоннисоре, рафтааст сӯи адам.
Омад Иброҳим ҷудо аз дасти худ,
Монд номи хеш чун соҳибкарам.
Чун нагӯям ман сано бар ҳамдиёр,
Баҳри моён карда ҷонашро нисор.
Ҳамчунон Ҳайдараливу Машариф,
Ҷангиданд Илёсу ёрон бо ҳариф.
Боймаду Ҳоҷимаду Қушмади мо,
Мисли Ваҳҳобу Нишонбойи шариф.
Бо адӯ ҳарбидаанд дар ҳар тараф,
Карда бобоёни ман ҷонро талаф.
Бин, ки Абдалӣ ба як пой омадаст,
Он яке якдаста аст, чун дода даст.
Чун Сафар Исо набошад қаҳрамон,
Вақти ҷанг ӯ афсари номӣ будаст.
Эй зафармандони майдони набард,
Номатон поянда монад ҳамчу мард.
Монда Маҳкамбойу Машокир амон,
Сайдаливу Абдуқайюм ҳамчунон,
Кам набошад ҷонфидоёни Ватан,
Ҳамчу Тухсанбойу Аҳмадҷонамон.
Боиси фахри диёри мо шумо,
Ҷовидонед ҳар яке аз баҳри мо.
Мисли Мадбилолу Иброҳиму чанд,
Қисмате з-онҳо саломат омаданд.
Дар қатори бо сияҳхат рафтагон,
Бенишон гум гаштаҳо кам нестанд.
Поси хотир мекунем мо номатон,
Дар дилу дар дида бошад ҷоятон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 22
Рухи онхоро шод кардед.
Худованд нигохбонатон бошад
Бобои ман низ соли 1943 беному нишон гум шудаги хастанд,аз махаллаи Суча. Мирзоматов Мадиброхим.Рухашон шод бошад!
Чун Ибодуллоху чун Зайлобидин.
Нурулло,Пулод Ниези кахрамон,
Мисли Одирмад Азизмад хамчунин.
Бо шумо болем,ае шерони дахр,
Голибони рафта бо куху ба бахр.
Ахсан ба шумо бародари азиз Максудали..