-------------------------------
Фиғон аз дасти ҷангҷӯёни хунхор,
Ҷавононро басо бинмуда хуншор.
Басе ободиҳо вайрона гардид,
Басе пиру ҷавон бехона гардид.
Басе ашки занону духтарон рехт,
Ҷигарҳо хун шуду аз дидагон рехт.
Басе дӯстрӯйакон беқиблагоҳ шуд,
Басе тифлон ятим, бесарпаноҳ шуд.
Падарҳо дода фарзандони чун қанд,
Писарҳо хунчакон дур аз ҷигарбанд.
Дареғои ту, Неъматҷони Одӣ,
Чу вақти гулфишонӣ ҷон бидодӣ.
Хато хӯрдӣ зи байни додаронат,
Ба мотам мондӣ ёри меҳрубонат.
Бидида аспи чӯбинро ба долон,
Ҳама з-ин кори ту ҳайрону нолон.
Бихез аз турбат, эй бишкастаболам,
Ҷавонмардо, ҷавон рафтӣ зи олам,
Намудӣ дидагирён, ҳафти додар,
Ба афғон кардӣ фарзандону хоҳар.
Раҳимҷон, "ҷони додар" - гуфта гиряд,
Ва Рустамҷон, "бародар"- гуфта гиряд.
Зафарҷон, навҳагар дар мотами ту,
Ва Мансурҷон бисӯзад дар ғами ту.
Сияҳпӯш асту нолон, Анвари ҷон,
Ва Фарҳодҷони ту, бо чашми гирён.
Бувад Исмоили ҷон бо дили реш,
Гиребончок, зи марги додари хеш.
Туро гулдухтарон бо ғусса ҳамдам,
Писарҳо дилкабобу дида пурнам.
Нигоҳи вопасин кун, баҳри ёрат,
Ки бинад ин замон тобутсаворат.
Ҳама бо навҳа, номат дар забонҳо,
Чу будӣ марди бофарҳангу доно.
Ҷавонмардӣ ҳамеша пешаат буд,
Накӯкорӣ, мудом андешаат буд.
Ба ёрон меҳрубон будӣ, бародар,
Ба сӯгат ҳамдилон бо дидаи тар.
Худовандо, бидеҳ ҷой дар биҳишташ,
Чу бинвиштӣ ҳамин сон сарнавишташ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев