Предыдущая публикация
Агар рӯзе дилтангӣ суроғат омаду хости гиря кунӣ...
Маро садо бизан!
Қавл намедиҳам, ки механдонамат...
Вале метавонам бо ту бигирям!
Худо нахоставу рӯзе аз кулли мардуми шаҳр хаста шудиву хости фирор кунӣ...
Маро садо бизан!
Мутмаиннан барои монданат хоҳише намекунам...
Ҳамроҳат то қаъри дунё хоҳам рафт!
Шояд рӯзе мешавад, ки дигар намехоҳи бо касе ҳарф бизанӣ...
Маро садо бизан!
То замони марг бо ҳам сукут мекунем!
Аммо як хоҳиш дорам...
Агар рӯзе нохудогоҳ хости садоям бизаниву аз ман посухе дарёфт нашуд...
Зудтар ба наздам биштоб...
Зеро он замон аст ки бештар аз ҳар вақте ба ту ниёз дорам!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1