Писаре, ҳудудан даҳсола, ки аз сармо меларзид, пойбараҳна дар пушти витрини мағозаи кафшфурӯшӣ истода, аз попӯшҳои гарм чашм намеканд. Хонуме пешаш омад ва пурсид:
– Дӯсти хурдсоли ман, чиро бо шавқу ҳавас паси ин шишаро тамошо дорӣ? Дар чӣ фикрӣ?
Писар посух дод:
– Аз Худо мехоҳам, ки як ҷуфт кафшам бидиҳад.
Хонум дасти бачаро бигирифт ва ҳарду вориди мағоза шуданд. Аз фурӯшанда дархост кард, ки шаш ҷуфт ҷуроби бачагона биёварад; боз пурсид, ки оё мешавад, барояш тағорае оби гарму як танпоккун ҳам биёрад?
Хонум ҳар чӣ хост, фурушанда овард. Писарро пушти мағоза бурд ва даспӯш аз даст кашида, пойҳои кӯдакро шусту бо дастпоккун хушконд. Фурӯшада ҷуроб овард. Хонум ҷуфте аз онро ба пойи кӯдак пӯшонд, сипас пойи кӯдакро андоза карду барояш кафш харид ва фармуд, бақияи ҷуробҳоро бипечад; ҳамаро ба писар дод. Ва сарашро сила карду гуфт:
– Ҳоло, бе шакк, хеле хушу хушнуд ҳастӣ.
Хонум баргашту қасди рафтан кард. Ин лаҳза писар бо чашмони ашкбор сӯи ӯ даст дароз карду пурсидаш:
– Шумо зани Худо ҳастед?..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2