Предыдущая публикация
Ру суи уву ба суи маҳтоб боша .
Аз моҳи чаҳордаҳ гзара ҳусни хубуш,
Он ҳусне,ки дар дхтари Кулоб боша.
Аз хубии у сифат кунум дар қоғаз,
Сад фасли китоб бошаву сад боб боша.
Аз шавқи висолу гармии дидоруш,
Ин синаи яхбастаи ман об боша.
Сад шаҳр бигаштуму надидум мислуш,
Монанди ақиқу дури ноёб боша.
Дар ҳасрати руш Муродии Хатлонӣ,
Уфтодаву беқарору бетоб боша.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ). 2016 с
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 39
Он ҳусне,ки дар дхтари Кулоб боша.
Аз хубии у сифат кунум дар қоғаз,
Сад фасли китоб бошаву сад боб боша.
.
Бо лафзи хушат мисли гулобастию қанди,
Эй моҳи Хуҷандӣ,
Бо қомати зебои чу сарв болобаландӣ,
Эй моҳи Хуҷандӣ.
Бо рӯи гулат чун ба сари роҳи ту хорам,
Моро маписандӣ,
Пас чист,ки дар тораи зулфат маро бандӣ,
Эй моҳи Хуҷандӣ.
Бо як нигаҳе қалби маро дар раҳи ишқат,
Аз сина бикандӣ,
Чун мегурезӣ оҳуи ё аспи Самандӣ,
Эй моҳи Хуҷандӣ.
Бар ҳоли мани бедилу дилдодаи рӯят,
То кай бихандӣ,
Кай бар мани зор риштайе бо дӯстӣ бандӣ,
Эй моҳи Хуҷандӣ.
Абёти Муродӣ бикунад нарм дили санг,
Гар байте бихондӣ,
Дорам аҷабе шеъри тарам гар маписандӣ,
Эй моҳи Хуҷандӣ.
(Муродии Хатлонӣ).
барои Моҳтобаки дилоро ...
Сарвқаду суманбар.
Зебои чун гули тар,
Калхозободӣ духтар.
Як ҳуре дар замини,
Дилҷуву дилнишини.
Дилфиребиву дилбар,
Калхозободӣ духтар.
Ду зулфонат бари ру,
Ду кокул то ба зону.
Муйҳои ту муаттар,
Калхозободӣ духтар.
Қошу чашмонат базеб,
Хандаҳоят дилфиреб.
Набошад аз ту хубтар,
Калхозободӣ духтар.
Роҳ гаштани банозат,
Бо ҷилваҳову созат.
Мерабояд ҳуш аз сар,
Калхозободӣ духтар.
Суханроният ширин,
Форам асту дилнишин.
Аз асалҳам ширинтар,
Калхозободӣ духтар.
Чашмакони хуморат,
Ду рухсори анорат.
Чун моҳу шамси ховар,
Калхозободӣ духтар.
Дар ишқат,эй санавбар,
Сад ошиқи диловар,
Сузад тамоми пайкар
Калхозободӣ духтар.
Зебову нозанини,
Бас хубу шармгини.
Мисли ту нест дигар,
Калхозободӣ духтар.
Баҳрат суруде хонам,
Аз мағзи қалбу ҷонам.
Бо ҷону дил баробар,
Калхозободӣ духтар.
Бар васфи ту, Муродӣ
Як шеъраке зи шодӣ,
Бинвишт бар ту хоҳар.
Калхозободӣ духтар.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).