Тану ҷонам фидои ту
Шудам пазмон дуои ту
Калому пандҳои ту
Ҳама меҳру вафои ту
Падарҷонам куҷои ту
Падарҷонам куҷои ту.
Ту рафтӣ шодӣ аз дил рафт
Дами озодӣ аз дил рафт
Ҳама ободӣ аз дил рафт
Кунун холист ҷои ту
Падарҷонам куҷои ту
Падарҷонам куҷои ту.
Зи дидорат нагаштам сер,
Аё кони вафову меҳр.
Ба қадри ту расидам дер,
Надонистам баҳои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Ба хуни дил калон кардӣ,
Ба роҳи нек равон кардӣ,
Забону нуқтадон кардӣ.
Бимирам дар вафои ту,
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Дабистони адаб дидам,
Зи боғаш меваҳо чидам.
Биёфтам ончӣ пурсидам,
Зи ранҷу бо ҷафои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Кунун бо дидаи пур нам,
Ба қалби реш-реш аз ғам.
Дуоят мекунам ин дам,
Ба руҳи босафои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Илоҳо манзилат обод,
Руҳи покат бигардад шод,
Шафеат раҳмати Ҳақ бод
Шавад фирдавс ҷои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
(МУРОДӢ).20.08.2016. С.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 93
ПУШТБОНАМ НУРИ КОШОНАИ МАН,
БА САРАМ ДАВЛАТИ ШОХОНА ТУИ,
ПАДАРАМ БАРАКАТ БА ИН ХОНА ТУИ
Ба Чаннат кун маконаш,нурбор кабри Падарчонам,
Ба растохез бигуй,ки уммати Расул асту бандаам,
Зи оби Кавсарат сероб,зери сояи Арш чойи Падарчонам,
Худоё рахм намову мустачоб кун нолаи зорам,
Ба махшар дастгиру дохили Чаннат бинмо Падарчонам
Рухи покат бигардад шод,
Шафеат рахмати ХАК бод,
Шавад Фирдавс чои ту,
Падарчонам кучои ту,
Падарчонам кучои ту.
ХУДОВАНД падаратонро дар катори шахидон хашр кунад.
Ва дигар падарони гузаштаро низ омурзад.Дар хаёт будаашонро саломат нигахбон шавад.Омин.
Хазони умри танхои чудои
Макони кас нагирад хонаи худ
Садои хасрати шеърам чудои
Бачои бурдаи нон хасрати худ
Фуру ман мебарам гам бо чудои
Гарибам очаи чон шахри мардум
Бинолам дурии модар чудои
Садо аз нолаи садхо гарибон
Ватан дур туем хоки ватан дур
Бубин ин нолаи зори ватандор
Ало оча дуоям кун хамеша
Дилам дар мулки мардум ганда меша
Чахони одами пур аз разослат
Гарибон сархам анд пеши чахолат
Бубин оча чисон сахт аст чудои
Шаб они тору фареди нихони
Чисон оча туро пазмон гарибон
Дуои модарон бишнав илохи
Рафтиву хамрохи ту хам рафт сабру
токатам,
Рафтиву аз чашми дил хам рафт хоби
рохатам.
Гиряхо кардам бароят зор-зор аз сузи
дил ,
Рафт аз ман хушу ёду рафт хам сабри
чамил .
Эй падар чоят кунад Парвардигор дар
чаннаташ ,
Чунки буди дар адои фарзхову
суннаташ .
Бо ният карди тахорат дар намози
бомдод ,
Ду ракат суннат бихонди бехабар аз
чони худ .
Вакти фарз омад ният карди аз пушти
Имом ,
Афтиди дар чойнамоз нокарда
фарзатро тамом .
Пас Имом охиста руи чойгахе хобонд
туро ,
Гашта хайрону парешон баьд Ёсин
хонд туро .
Чони худ осон бидоди бар Худои
мехрубон ,
Эй падар осуда бош , ки дар бихишт
карди макон .
Соли Пайгамбар Мухаммадро бидиди
дар хаёт ,
Хам ба хок мондем туро бегохии рузи
барот .
Эй Муроди ин дуоро кун суи осмон ,
То дихи мисли падар дар рузхои нек
чон .
_ (Муродии Хатлонӣ) 2001. с
Хонаи холиву фаредам зи дуньеи падар
Ман чиро бо ,ки ба хасрат интизори мекашам
Сузиши умри падар сузам ба тобути падар
Марг гуе дусст механдад ба холам бин ба ман
Пора месозам ба тан он куртаи гамро падар
Руи кабраш хокро бар сар бирезам чои об
То шавад як лахза кам манро аламхои падар
Дасти духтар кутах аст зеро чахонаш дигараст
Чун ,яки тобути варо харгиз набардошт чун писар
Дуст дуньеи сузан мероси он покии умр
Бо алам бо сузи худ бин нола дорам бе падар
Дами озодӣ аз дил рафт
Ҳама ободӣ аз дил рафт
Кунун холист ҷои ту
Падарҷонам куҷои ту
Падарҷонам куҷои ту.
Умед будию армонам,
Чавон рафти ту вовайло
Ду дида дар рахат монам.
Надида ту хавасхоят,
Ба хоки тира чо карди,
Зи хасрат мезанам фаред ,Ту эй такдир чихо карди.
Падарчонам кучои ту ,
Дилу чонам фидои ту.
Барои ахлу пайвандон,
Бидон холист чои ту.