🔸 Матни пурсиш:
Мехостем назари ҳазрати Мансурро дар бораи ин ҳадис бидонем:
Амирул мӯъминин Алӣ алайҳи салом мефармояд: Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: «Марде аз Мовароуннаҳр қиём хоҳад кард ки ба ӯ «Ҳорис ибни Ҳаррос» гуфта мешавад, пеши рӯйи лашкариёни ӯ марде аст ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад ва заминаи ҳукуматро барои Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам мекунад, ҳамчунонки Қурайш заминаи ҳукуматро барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фароҳам карданд. Бар ҳар мӯъмине воҷиб аст ки ӯро ёрӣ диҳад». (Иқдуддурар, с130).
Ҳамчунин, мехостем назари эшонро дар бораи ин ҳадис бидонем:
Миёни Миррих (Баҳром) ва Зуҳал (Кийвон) ҳар ду сол як бор муқорина рух медиҳад. Аммо Алӣ алайҳи салом, ҳаракати неруҳои Хуросонӣ ва Шуъайб ибни Солеҳ аз Самарқанд ба сӯӣ Ироқро дар пайи муқоринаи комили ин ду саёра (1) дар сол пеш аз қиёми имом Маҳдӣ алайҳи салом медонад ва мефармояд:
«Огоҳ бошед, шумо пас аз муддате, замонӣ кӯтоҳ хоҳед дошт ки дар он, гӯшае аз гуфторҳои манро хоҳед донист ва дурустии онҳо барои шумо ошкор хоҳад шуд, ҳангоме тулуъи Баҳром ва Кийвон бо иқтирони дақиқ (1). Дар ин ҳангом, ларзишҳо ва зилзилаҳо паёпай рӯх медиҳанд ва парчамҳойе аз соҳили Ҷайҳун ба сӯӣ биёбони Бобул рӯй меоваранд (Машориқ Анворул Яқин, с266 хутбаи Татанҷия).
1. Аз дидгоҳи мунаҷҷимини қадим, иқтирони дақиқи ду ситора он аст ки дар як моҳ, ба як дараҷа ва дақиқа ҷамъ шаванд, ва ба таъбири мунаҷҷимини ҷадид, фосилаи онҳо, дар нигоҳи нозири заминӣ, камтар аз панҷ дараҷаи нуҷумӣ бошад.
🔸 Матни посух:
Хабари ҳокӣ аз хуруҷи марде аз Фароруд -яъне фаро сӯи руди Ҷайҳун дар Хуросони бузург- ки ба ӯ «Мансур» гуфта мешавад дар пеши рӯйи марде ки ба ӯ «Ҳорис ибни Ҳаррос» гуфта мешавад ба манзури заминасозӣ барои ҳукумати оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, хабарӣ воҳиде аст ки Абу Доввуд дар сунани худ[1] ривоят карда ва Юсуф ибни Яҳё гуфтааст ки илова бар ӯ, Байҳақӣ ва Насаоъи дар сунани худ ва Шайх абу Муҳаммад дар китоби Масобеҳ низ онро ривоят кардаанд[2] ва Мағрибӣ дар бораи он гуфтааст: «صَحِيحٌ أَوْ حَسَنٌ بِلا شَكٍّ وَلا رِيبَةٍ»[п/3]; «Бидуни ҳеч шак ва тардиде, саҳиҳ ё ҳасан аст» ва бархӣ низ онро заъиф шумурдаанд, вале дар нусхаҳои он ихтилоф вуҷуд дорад; Зеро зоҳиран аз нусхаи матбуъ ин аст ки «Мансур» пеши рӯйи лашкари «Ҳорис ибни Ҳаррос» аст, дар ҳоле ки ин чизи ғарибе аст; Чароки ҳеч шоҳиде барои он дар ривоётӣ дигар вуҷуд ннадорад. Вонгаҳе дар сойири нусхаҳо, «Ҳорис ибни Ҳаррос» наёмада, балки омадааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1149/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев