Предыдущая публикация
Зиндагӣ як рӯзи зебои баҳорон будааст,
Ошиқӣ танҳо навои ёр- ёрон будааст.
Умр гоҳе шодиҳои хеш медорад дареғ ,
Ҳайфи қалбе, ки ғамаш аз захми ҳиҷрон будааст.
Одамӣ як лаҳза меояд ба даҳри бевафо,
Лек доим дар суроғи хеш сарсон будааст.
Бо ҳама дарёдилӣ фарзанди одам то абад ,
Аз фиребу макру бемеҳрӣ пурармон будааст.
Модар аз ғамҳои олам кай даме осуда буд?
Дар ғами фарзандҳо умре парешон будааст.
Омадан оғоз не, анҷоми байти зиндагист,
Кист оне, ки зи умри худ пушаймон будааст ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев