Предыдущая публикация
Баҳри ғамҳою ҷафо кошона аст.
Гарчӣ дорам дар сарояш зиндагӣ,
Хонаи армони дил вайрона аст.
Навбаҳораш мекунад бӯи хазон,
Мурғи илҳоми дилам бедона аст.
Шишаи меҳру вафо гашта тиҳӣ,
Дӯст ҳам чун одами бегона аст.
Рӯзгорам бенизому сарсарӣ,
Рӯзи шодӣ баҳри ман афсона аст.
Як ҳавас бошад сипар бар ҷони ман,
Он ҳавас васли рухи ҷонона аст.
Ишқгӯён мезанам муштам ба дил,
Ҳар кӣ бинад гӯядам девона аст.
Синаам гардида зиндони ҳавас,
Ғам ба гирди шамъи дил парвона аст.
Ҳар кӣ дорад зар ва ё дорад мақом,
Назди ҷоҳил оқилу фарзона аст.
Маҳфили мардум надорад соқие,
Вожгун дар хонаҳо паймона аст.
Ин раҳе, ки меравам то бар куҷост?
Бори як дунё маро дар шона аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1