ҳамчун рӯзи сиёҳ дохил шуд. Ин рӯзе гашт,ки мардуми бесилоҳи ин сарзамин ба
ҳуҷуми номардони сарбозони қирғиз дучор
шуда талафоти ҷонӣ дод.
Куштор дар
Ворух
12 июли 2014.Соат 08:06 ба Беморхонаи марказии шаҳри
Исфара ҳозир мешавам. Дар ин ҷо маълумам гашт, дар Беморхонаи марказии шаҳри
Исфара 7 нафар захмдор хобонида шудаву аз онҳо 2 нафарашон сарбоз будаанд. 1
нафари дигарӣ,ки захмаш на он қадар вазнин будааст, ҷавоб дода мешавад. Аз ҳафт
нафари захмдор, 4 нафарашон дар шӯъбаи
осебшиносиву 3 нафарашон дар шӯъбаи Эҳё бистарӣ шудаанд. Саломатии онҳо
нисбатан хуб буда ба саломатии эшон хатаре нест. Ба назди онҳо медарояму
ҳолпурсӣ мекунам ва сӯҳбате оростам.
Тавре аз рӯи гуфти ин бачаҳо маълум гашт,онҳо бо
мақсади ҳашар,яъне таъмир намудани қубури обгузаре,ки маҳаллаи Меҳнатободро бо
об таъмин мекунад,мебароянд. Бояд пештоз гӯем,ки ин мавзеъ ягон мавзеи баҳснок
набуда он дар дохили ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҳамин вақт тақрибан 15 нафар
аскари қирғиз ба пеши онҳо ҳозир шудаву аз онҳо талаб мекунанд,ки корҳои худро
партофта раванд. Ва ҳангоме,ки мардон фаҳмонданӣ мешаванд,ки ин ҷой азони
Тоҷикон аст, ба сӯи онҳо тир мекушоянд. (Инҷо тарафи қирғиз фарзияе пешниҳод
намудааст,ки гӯё Тоҷикон сарбозони қирғизро сангборон намуда ва вақте тир ба
осмон мепарронанд, сарбозони Тоҷик онҳоро тирборон мекунанду дар тирборони
ҷавобӣ чанд нафар Тоҷик захмдор мешавад.) Вале ин фарзияи онҳо дурӯғ буда чанд
паҳлуи норӯшан дорад,ки асосиаш чаро вақте сарбозони Тоҷик қирғизро тирборон
карда бошанд,онҳо мардони мулкиро парронданд? Дар ҳоле,ки сарбозони Тоҷик ба
суи қирғиз якум тир накушодаанд, мегуяд сарбози захмбардошта,зеро ба мо фармони
тиркушоиро надоданд.Дуюм ин ,ки тирпарронӣ на дар ҳудуди қирғиз,балки дар 8 км
дохили ҳудуди Тоҷикистон рух додааст(500 метр дохилтар аз сарҳаде,ки қирғизҳо
ғайриқонунӣ гузоштаанд.) Постгоҳи Тамдик,ки дар наздикии ҷои ҳодиса воқеъ
аст,ғайриқонунӣ гузошта шуда чандин бор аз тарафи мо хоҳиш шудааст,ки он
бардошта шавад, вале тарафи қирғиз онро набардоштааст. Хуллас ҳодисаи рухдодаро
на задухурди наздисарҳадӣ, балки убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистон аз
тарафи сарбозони қирғиз ва куштори Тоҷик дар Тоҷикистон метавон номид. Ва хато
намекунам,агар инро интиқоми қирғиз низ
номам,зеро он расо баъди 6 моҳи ҳодисаи
11 январ(шикастхуриву гурези шармандавори сарбозони қирғиз) рух додааст.
Бинобар он Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст,ки ҳамтои
қирғизии худро барои убури ғайриқонунии сарҳад, гирифтани интиқом ва куштори
мардуми бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашад. Ва аз ҳама асосиаш фармони аблаҳонаи ТУРО
ПАРРОНАНД,ҲАМ НАПАРРОН ро манъ кунанд.
Рӯйхати сокинони Ворухзамин,ки ҳадафи
тир шудаву захмдоранд:
1.Бобоев Умедҷон с.т 1991, посёлкаи Тоҷикон
2. Шаропов Шеҳвар
с.т.1988, Майдон
3. Қозиев Ҷаҳонбахт с.т. 1996 посёлкаи Тоҷикон.
4 Қозиев Ҳазрат с.т. 1981 посёкаи Тоҷикон
5. Айёмиддинов
Б. с.т.1984 посёлкаи Тоҷикон
6. Зокиров Шоҳрӯз.
с.т 1992
Сокини дигари Ворух Шаропов Шодовар с.т. 1978 бошад
аз захмҳои гирифтааш шаҳид мешавад.(РӮҲАТ ШОД БОД БАРОДАРИ АЗИЗ !!!)
Ду нафар сарбози тоҷике,ки захмдор шудаанд, номи
онҳоро барои беқарор нашудани хотираи волидонашон намеорем.
ОХИРСУХАН: Дар баробари навиштани ин сатрҳо
пеш аз ҳама ҳамдардии худро ба аҳли оилаи шаҳидгашта Шаропов Шодовари 36 сола
расониданиям. Ва баъд аз ҳукуматдорони давр пурсиданиям,ки кай қотилони мардуми
бегуноҳ ҷазо хоҳанд гирифт.
Бо эҳтиром
хабарнигори мардумӣ Болтаев Меҳрӯзиддин Ворух,Исфара 14 июли 2014
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4