Ба ҷойи ин ҳама ғавғо ту ҳам савод омӯз,
Ба ҷои ин ҳама фарёд, иттиҳод омӯз.
Ба ҷои ин ҳама даъво ту ҳам муҳандис шав,
Ва илмро пас аз ин ҳамчу эътиқод омўз.
Яҳуд як фисади мардуми мусулмон нест,
Вале чаро ба ту пирӯз шуд, тазод омӯз.
Чаро, ки ў ба ҳама арса дарс мехонад,
Бишину сирри бузургии ин нажод омўз.
Илоҳиёт биёмўхтӣ ту, мошаллоҳ,
Кунун сиёсату таъриху иқтисод омўз.
Намозу зикр биёмухтӣ, ҳалолат бод,
Кунун муодилаву ҳалли рамзу код омўз.
Тамоми арзи Худо масҷид аст, он кофист,
Биёву сохтани мактабу завод омўз.
Ба ҳаҷҷи акбару асғар ҳазор бор нарав,
Ба илм харҷ бикун, дониши зиёд омўз.
Бубин, ки душмани динат чӣ гуна бераҳм аст!!!
Фановарии наву артишу ситод омўз.
Ту ҳам ба сақфи ватан гунбаде зи оҳан зан,
Идора кардани обу замину бод омўз.
Хабар расид, ки то ними рӯз дар хобӣ,
Дар аввалин қадамат, файзи бомдод омўз.
Фасод кардаву хайрия мекунӣ, ҳайҳот,
Дигар ту хайр накун, тарки ин фасод омўз!
Ҷиҳоди акбари ту ҳифзи Тоҷикистон аст,
Дигар фиреб нахур, маънии ҷиҳод омўз.
Абдулло Раҳнамо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2