(маълумоти мухтасар)
Фатҳуллоев Ҳикматуллох маъруф ба Домулло Ҳикматуллохи Точикободи соли 1941 дар дехкадаи Гилмони водии Каротегин дар хонаводаи дехкон (барзгар ё кадевар ё киштварз ё кишоварз) дида ба дунё кушодааст.
Домулло Ҳикматуллох таълими ибтидоии мазхабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст ва шуруъ аз соли 1952 назди донишмандоне аз ќабили Мулло Неъматуллох, Домулло Чўрабеки Гарми, Домулло Назри, Домулло Хучаи Кўлоби, Домулло Шералии Андичонми таълим мегирад.
Домулло Ҳикматуллох илми худро назди Мавлавии Хиндустони комил мегардонад ва китобхои «Тафсири Чалолайн», «Тафсири Байзови», «Сахехи Бухори», «Сахехи Муслим», «Мишкоту-л-масобех», «Мухтасару-л-маъони», «Шамсия бо шархи Кутби» ва «Сулламу-л-улуми ва тахзиб бо Шархи Абдуллохи Язди», «Хикмату-л-айн», «Конунча фи–т-тиб», «Китоби Уклидус», «Хулосату-л-хисоб», «Унвону-л-баён», «Адабу-д-дунё ва –д-дин», «Макомоти Замахшари», «Макомоти харири», «Гулистон», «Бўстон», «Шабистон», «Ахлоки Чалоли», «Чахор унсур», «Касоиди фуюз» ва дигар рисолахои илмиро таълим гирифтааст.
Соли 1964 Домулло Ҳикматуллох бо тавсияи устодаш Мавлавии Хиндустони ба нохияи Чоми меравад, то пас аз дарёфти «илми зохир» назди Эшони Абдуррахмончон (яке аз донишмандони суфимашраби даврони шўрави) аз «илми ботин» низ бархурдор гардад. Дар ин бора Домулло Ҳикматуллох мегўяд: «Хазрати Мавлави фармуданд, баъд аз дарёфти улуми зохири ба улуми маънави бояд пардози ва ба хузури саросар нур Хазрати Эшони Абдуррахмон ибни Эшони Порсохоча рафта, адаби хидмат ба чой ори. Муддате ба хидмат мерафтем ва баракати сўхбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем».
Аз таълифоти Домулло Ҳикматуллох метавон асархои зеринро ном бурд: «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон», «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев