Дар акси зерин марди Туркӣ аст, ки рӯзҳои иди худро назди турбаи чаҳор духтараш, ки дар заминларзаи чанд моҳ пеш рухдода, сипарӣ намуд.
Дидани чунин саҳнаҳо қалби шахсро реш-реш менамояд. Худованд дарду мусибати фарзандро ба ҳеҷ кас нишон надиҳад, чун гоҳо мусибату фироқи фарзанд шахсро бемор ва ҳатто ба марг бурда мерасонад.
Қуоъон карим аз забони ҳазрати Яъқуб (а) ки дар фироқи фарзанд месухт ҳикоя мекунад.
{ وَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ یَـٰۤأَسَفَىٰ عَلَىٰ یُوسُفَ وَٱبۡیَضَّتۡ عَیۡنَاهُ مِنَ ٱلۡحُزۡنِ فَهُوَ كَظِیمࣱ }
"Ва (Яъқуб(а)) аз онон (бародарони Юсуф) рӯ бигардонд ва гуфт: «Дареғ аз Юсуф»! Ва чашмонаш аз шиддати андуҳ [ва гиристан барои фарзандаш] сафед шуд ва ҳамчунон андуҳи худро фурӯ мехӯрд".
{ قَالُوا۟ تَٱللَّهِ تَفۡتَؤُا۟ تَذۡكُرُ یُوسُفَ حَتَّىٰ تَكُونَ حَرَضًا أَوۡ تَكُونَ مِنَ ٱلۡهَـٰلِكِینَ }
"[Писаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ту [он қадр] пайваста аз Юсуф ёд мекунӣ, то [оқибат] ба сахтӣ бемор шавӣ ё бимирӣ».
Сураи Юсуф:84,85.
Воқеан ҷудоӣ фарзанд мусибати сахтест барои ҳар волидайн. Дар ҳаёти кутоҳамон намунаҳои зиёде аз падарону модаронеро бо чашми сар дидем, ки чун ҷигаргушаи худро аз даст доданд ҳаёти ширинашон талх, қаду қомати росташон хам, чеҳраи зебояшон пажмурда, чашмони бинояшон кур ва ҳатто ба саду як беморӣ гирифтор гардида аз ғаму дарди фироқи фарзанд тоб наёварда фавтиданд.
Худоё аз Ту илтиҷо дорем, ки ҳеҷ волидайнеро ба мусибати марги фарзанд имтиҳон макун.
ҳадисҳо ва қиссаҳои исломи. ✍️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1