ҳазрати Муҳаммад ﷺ
12- Рабиъулаввл 1442 ҳиҷрӣ
29- Октябри 2020 милодӣ
" Ва ҳамоно ту дорои ахлоқи наку мебоши" (Қалам 4)
"Дар воқеъ ман фиристода шудам то хислатҳои накуро пурра созам" (имом Аҳмад)
7. Вафодории Паёмбар ﷺ
Вафо намудан ба аҳду паймон, содиқ будан ба қавлу ваъда ва бовафоӣ дар дӯстониву рафоқат яке аз сифатҳои Паёмбари акрам ﷺ буд.
Дар васфи аҳли ҷаннат Худованди карим чунин мефармояд:
"Ва касоне, ки онҳо амонат ва аҳдҳои худро риоят мекунанд" (Муориҷ 32)
Бале, ҳазрати Муҳаммад ﷺ инсоне, буд, ки қадри дустӣ, муҳаббат, хубӣ, ва меҳрубониро хуб медонист ва ҳаргиз фаромӯш намекард ва талош менамуд бо ҳар роҳ ба қадри имкон онро баргардонад.
Ӯ дар итоат ва ибодати Парвардгори худ содиқ ва вафодор буд ва ҳатто баъди онки Худованд дар Қуръони худ ба ӯ хабар дод, ки ӯро шомили мағфирати бепоёни худ қарор додааст, саъй менамуд то бештар шукргузорӣ намояд.
Ҳазрати Оиша (р) мегуяд, Паёмбар ﷺ шабҳо он қадар намоз мехонд, ки пойҳояш варам мекарданд. Ба ӯ гуфтам, чаро ин корро мекунад, охир Худованд ҳамаи гуноҳони гузашта ва ояндаи туро бахшидааст? Дар посух Паёмбар ﷺ чунин гуфт:
"Оё ман бандаи шукргузор набошам?" (ҳадиси муттафақ)
Ӯ ҳамеша аз ашхосе, ки дар ҳаққи ӯ хубие карда буданд, ёдовар мешуд ва ҳаргиз фаромуш намекард.
Паёмбар ﷺ ҳаргиз хизматҳои мардуми Мадинаро фаромуш намекард ва ҳамеша дар аҳду паймоне, ки бо онҳо баста буд, содиқ ва вафодор буд. Замоне, ки Макка фатҳ гардид ва қабилаҳо ба Паёмбар ﷺ ҳадияҳо оварданд ва ӯ онҳоро ба дигар қабоил тақсим кард, мардуми Ансор (аҳолии Мадина) фикр намуданд, ки ӯ онҳоро фаромӯш кардааст.
Абусаъиди Худари мегуяд:
"Вақте Паёмбар ﷺ ба Қурайш ва дигар қабилаҳо он ҳама ҳадияҳо медод ва ба Ансор аз он чизе намедод, бархе аз мардуми Ансор бо худ фикрҳо намуданд, ки онҳоро фаромӯш карда аст ва сару садоҳо дар миёни онҳо хело зиёд шуд ҳатто баъзеҳо гуфтанд, ки акнун дигар Паёмбари Худо ﷺ қавми худро пайдо намуд ва моро фаромуш кард.
Саъд бини Ибода ба назди ӯ даромад ва гуфт, эй Паёмбари Худо, ин мардум аз шумо ранҷиданд зеро он молҳои, ки ба ту расид, ҳамаро ба қавми худ тақсим намуди ва ба дигар қабилаҳо низ тӯҳфаҳои зиёде бахшиди, аммо ба мардуми Ансор чизе надоди. Паёмбар ﷺ ба ӯ гуфт, ту худат чӣ назар дори, эй Саъд? Гуфт, ман низ фарде аз ҳамин қавм мебошам. Гуфт пас, қавми худро дар маконе ҷамъ кун.
Паёмбар ﷺ ба назди онҳо рафта гуфт, Эй мардуми Ансор, ин чи суханҳоест, ки ба ман расидааст ва гӯё аз ман ранҷида бошед? Оё омадани ман боиси он нагардид, ки Худованд шуморо, ки гумроҳ будед, ҳидоят намуд ва чизе надоштед, шуморо доро накард ва бо ҳам душманӣ доштед, миёни шумо улфат андохт?
Гуфтанд, бале аз ин ҳам бештар ба мо дод. Сипас ба онҳо гуфт, ба Худо қасам ҳарчи аз ин қабил мегӯед, рост мегӯед ва ҳама шуморо бовар мекунанд, ки
Оё қавмат такзибат накарданду ба назди мо омади ва мо боварат кардем?
Оё қавмат раҳоят накара буданд ва мо кумакат кардем?
Оё қавмат туро берун накарда будан ва мо ҷоят додем?
Оё қавмат бе касат нагузоштанд ва мо мунисат гаштем?
Ҳоло акнун шумо эй Ансор барои андак моли дунё, ки барои дилгармӣ ва пазируфтани Ислом ба дигар қабилаҳо бахшидам, ва шуморо ба динатон вогузор кардам, аз ман ранҷидед?
Эй мардуми Ансор оё намехоҳед, ки мардум бо гову гӯсфанд ба хонаҳои худ баргарданд ва шумо бо Паёмбари Худо?
Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст агар ҳиҷрат намебуд, ман фарде аз Ансор мебудам. Агар тамоми мардум ба самти як водӣ раванд ва Ансор ба водии дигар, ҳатман ман ба водии Ансор мерафтам.
Худовандо бо Ансор ва фарзандони онҳо ва наберагони онҳо меҳрубон бош.
Пас мардум ҳама гирён шуданд ва гуфтанд, мо розӣ ҳастем, ки дар ин қисмат Паёмбари Худо насиби мо гардид. (Ибни Абишайба)
Паёмбар ﷺ ҳамчунин бо ҳамсарони худ вафодор буд ва хубиҳои онҳоро ҳамеша ёдовар мешуд. Хадиҷа, ки нахустин шуда ба ӯ имон оварда буд ва ҳама сарвати худро дар ихтиёри ӯ гузошта буд, ҳатто баъди вафоташ ӯро ҳамеша ёд менамуд ва ҳазрати Оиша мегуяд маро аз ин рафтори ӯ рашк меомад.. Ҳазрати Анас ривоят мекунад, ки ҳаргоҳ чизе ба Паёмбар медоданд, мегуфт:
"Инро бурда ба фалон пиразан бидиҳед, ки дусти наздики Хадиҷа буд. Инашро ба хонаи фалон зан бибаред, ки Хадиҷаро хело дӯст медошт" (Ибни Моҷа)
Ҳатто Паёмбар хубиҳои мушриконро фаромуш намекард ва бо хубӣ ба онҳо ҷавоб медод.
Ҳангоме, ки Қурайш дар Макка Паёмбар ва ёронашро дар водие ба муддати се сол муҳосираи иқтисодию иҷтимоъӣ намуданд, Абубухтарӣ ба ин кори қавми худ мухолифат намуд ва аз мусалмонон дифоъ намуд, ки боиси бекор гардидани қарори муҳосира гардид. Дар ҷанги Бадр пеш аз шурӯъ ҷанг Паёмбар асҳоби худро амр намуд, ки ҳаркасе, ки бо Абубухтарӣ ру ба рӯ шавад набояд ӯро бикушад. (Таърихи Табарӣ)
Паёмбар ﷺ асҳоби худро низ дар руҳияи вафодорӣ, қадршиносӣ ва ба хубиҳо посухи хубӣ додан тарбия менамуд, чунончи фармудаанд:
"Худованд ба ман ваҳе намуд, ки тавозуъ намоед то касе дар пеши касе фахр накунад ва то касе касеро зулм накунад" (Муслим)
Абдуллоҳ Бини Масъуд ривоят мекунад, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:
" ... Ва ҳар касе, ки ба шумо хубие кард, ба ӯ подош диҳед. Агар чизе барои додан надоред, пас дар ҳаққи ӯ дуо кунед, то дониста бошед, ки подоши ӯро додаед" (Аҳмад)
Пас пайравони воқеии Паёмбар ﷺ ва зиндакунандагони суннати Ӯ бояд талош намоянд то мисли сарвари худ вафодор бошанд ва аз хубиҳои дигарон қадрдонӣ намоянд, то рузи қиёмат дар пеши ӯ шарманда нагарданд.
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.✒
➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2