Аз ходиса пеш нагузар. Оё мехоҳӣ меваро пеш аз пухтан хом-хом бихӯрӣ? Албатта такдири фардо ба чуз Аллоҳ ба касе маълум нест ва ҳамчунин орзу кардани талвиху ширинии он амали нася аст. Инсоният чунин аст, ки аксар вақт ба хаёли мусибати фардо худро ғамгин медорад. Аммо маълум нест, ки пагоҳ чӣ мусибат ва ё хушбахтӣ дар пеш аст. Аз ҳама нуқтаи номаълумтарин ин аст, ки ба пагоҳ мерасем ё не?
Фикру хаёли он ки дар масоҳати дур моро мусибате интизор аст, худ як иштибоҳи бузург аст. Аксаран мо дар ғуссаи фардои нася ва гуруснагиву ташнагӣ ва ё бепулии он худро андармон мекунем. Вақти хешро зоеъ намуда аз бадии рӯзи ҳанӯз наомада бештар фикр мекунем. Бояд бо ақли басар андеша ронд, ки оё ба чунин рӯз мерасем ва ё худ гиребони моро марги бе маҳал мегирад? Умри мо дар дасти мо нест, пас ризқу рӯзии мо низ дар кафи мо набуду нест. Он ҳар лаҳза аз сӯйи Худованд ба мо мерасад. Пас соҳиби фардову ризқу рӯзӣ танҳо Худост. Пас дурӣ биҷӯйед, аз хаёлу орзу ва ғаму ғуссаи оянда.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев