(9 июли соли 2022)
Маънои калимаи қурбон
Маънои калимаи «қурбон» наздикшавӣ мебошад. Қурбонӣ кардан, ба хотири наздикшавӣ ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) аз молу амволи эҳсонкардаи Худованд, ҳайвонеро (гӯсфанд, уштур, гов) қурбонӣ кардан аст.
Мавқеъи қурбонӣ дар дин?
Қурбонӣ кардан аз давраи ҳазрати Одам (а.с.) сарчашма мегирад. Фарзандони ҳазрати Одам (а.с.) барои ризогии Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) қурбонӣ намуданд, аммо нафаре бо ихлос намуд ва дигаре берун аз ихлос, ки албатта қабул нагардид. Дар сураи «Моъида» ояти 27 Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) фармудааст:
وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَاَ ابْنَیْ اٰدَمَ بِالْحَقِّ اِذْ قَرَّبَا قُرْبَانًا فَتُقُبِّلَ مِنْ اَحَدِهِمَا وَلَمْ يُتَقَبَّلْ مِنَ الْاٰخَرِ قَالَ لَاَقْتُلَنَّكَ قَالَ اِنَّمَا يَتَقَبَّلُ اللّٰهُ مِنَ الْمُتَّقٖينَ
«Ва достони ростини ду писари Одамро барояшон бихон, он гоҳ ки қурбоние карданд. Аз якешон пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. Гуфт: «Туро мекушам». Гуфт; «Худо қурбонии парҳезгоронро мепазирад».
Дар ҳамаи динҳо қурбонӣ кардан ҷо дорад. Худованди Мутаъол (ҷ.ҷ.) дар сураи «Кавсар» ба ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) хитоб намуда умматони Ӯро (с.а.с.) ба қурбонӣ кардан амр медиҳад. Сураи «Кавсар»:
اِنَّا اَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ
فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ
اِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْاَبْتَرُ
«Мо кавсарро ба ту ато кардем. Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун, ки бадхоҳи ту худ абтар аст».
Расулуллоҳ (с.а.с.) дар Мадина бардавом қурбонӣ мекард ва дар айёми Ҳаҷ 63 қурбонӣ кардааст, ки шояд солҳои умрашонро ба инобат гирифтааст.
Ҳадисеро Ибни Моҷа ривоят мекунад, ки;
«Ҳар фарде, ки имкони қурбонӣ кардан дорад ва қурбонӣ намекунад, ба намозгоҳи мо наздик нашавад».
Ҳукми қурбонӣ дар дин
Аксари олимон такя ба сураи «Кавсар» намуда қурбониро фарз нахондаанд. Мазҳаби Ҳанафӣ барои қурбонӣ калимаи воҷибро истифода кардааст ва ҳар касе, ки имкон дораду қурбонӣ намекунад, гунаҳгор аст. Мазҳаби Шофеъӣ қурбониро суннати лозима медонад.
Дарки қурбонӣ
Дар сураи «Ҳаҷ» ояти 37 Худованди Мутаъол (ҷ.ҷ.) мефармояд:
لَنْ يَنَالَ اللّٰهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَاؤُهَا وَلٰكِنْ يَنَالُهُ التَّقْوٰى مِنْكُمْ كَذٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمْ لِتُكَبِّرُوا اللّٰهَ عَلٰى مَا هَدٰیكُمْ وَبَشِّرِ الْمُحْسِنٖينَ
«Гӯшту хуни ин шутурон ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунин онҳоро роми шумо сохт то Худоро ба шукронаи он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ!».
Аз ояти мазкур маълум мешавад, ки қурбонӣ кардан, нишонаи итоат бар амри Худо (ҷ.ҷ.) ва нишонаи тақводорист.
Аллоҳ (ҷ.ҷ.), ки хоҳад, пас қимматтарин моли худро қурбонӣ мекунем. Ба мисли ҳазрати Иброҳим (а.с.), ки омодаи қурбонӣ кардани фарзанди худ шуд. Бо қурбонӣ кардан, ҳиси молпарастии худро маҳв мегардонем ва аз барои Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) аз моли дунё даст мекашем.
Ибодати қурбонӣ кардан, ризогии Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)-ро ба даст овардан ва ба Ӯ (ҷ.ҷ.) наздик шудан аст. Қурбонӣ кардан як намуди дастгирии мардум аст. Аз гушти қурбонӣ фақирон насиб мекунанд.
ТАКБИРИ ТАШРИҚ
«АЛЛОҲУ АКБАР АЛЛОҲУ АКБАР ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲУ ВАЛЛОҲУ АКБАР АЛЛОҲУ АКБАР ВА ЛИЛЛОҲИЛ ҲАМД»
Маънои калимаи ташриқ: ба сӯи шарқ рафтан, дӯрахшидан, гуштро дар офтобӣ гузоштан.
Як рӯз пеш аз иди қурбонро рӯзи Арафа мегӯянд. Аз намози бомдоди рӯзи Арафа то намози асри рӯзи чаҳоруми иди Қурбон (ҷамъ дар 23 намоз), пас аз намозҳои фарзӣ, чи танҳо ва чӣ бо ҷамоъат бихонӣ, такбири ташриқ (як маротиба) гуфтан воҷиб аст. Мард бо овози баланд ва зан бо овози пинҳон (ба дарун) такбири ташриқ меорад.
Ҳазрати Иброҳим (а.с.) фарзанди худ, ҳазрати Исмоил (а.с.)-ро дар хоби саҳеҳ мебинад, ки бояд қурбонӣ кунад. Вақти қурбонӣ кардани ҳазрати Исмоил(а.с.), ҳазрати Ҷабраил аз осмон гусфанде меорад ва дар андешаи дер кардан, ҳазрати Ҷабраил (а.с.) «АЛЛОҲУ АКБАР, АЛЛОҲУ АКБАР» гуфта такбир меорад. Ҳазрати Иброҳим (а.с.) садоро мушанавад ва мегӯяд; «ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲУ ВАЛЛОҲУ АКБАР». Ҳазрати Исмоил (а.с.) калимаҳои такбиру тавҳидро шӯнидан пас мегӯяд; «АЛЛОҲУ АКБАР ВА ЛИЛЛОҲИЛ ҲАМД» (сураи «ас-Саффот», 37/102; бахши Исмоил, ал-Мавсилӣ, ал- Ихтиёр ли Талилил Мухтор, Қоҳира, I, 87, 88).
Кӣ бояд қурбонӣ кунад?
Ҳар як нафари доро бояд, ки қурбонӣ намояд. Дар мазҳаби Ҳанафӣ ҳар як зану шавҳар, ки сарвати алоҳида дошта бошад, бояд, ки қурбонӣ намояд. Дигар мазҳабҳо дар як оила як қурбониро кифоя медонад.
Шахси дар сафар буда ва қурбонӣ
Шахси дар сафарбуда барои қурбонӣ кардан мукаллаф нест. Агар, ки нафареро ваколат диҳад ва қурбонӣ кунад, савоби мегирад. Барои шахси дар сафар буда қурбонӣ кардан нафл аст.
Ба ҷойи қурбонӣ кардан, садақа додан ҷоиз аст?
Ҳаргиз. Мо ҳаққи тағйир додани ибодатро надорем. Нафари доро ҳатман қурбонӣ бояд кунад ва албатта ки метавонад дар баробари қурбонӣ кардан боз хайру садақа намояд. Дар сураи «Зилзила» ояти 7 Худованди Мутаъол мефармояд:
فَمَنْ يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ
«Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад»
Ҳазрати Расулуллоҳ (с.а.с.) пас аз амри Худо, ҳар сол қурбонӣ мекарданд (Бухорӣ, Ҳаҷ, 117, 119:).
Қурбониро кай бояд кард?
Пас аз адои намози иди қурбон, дар давоми се рӯзи иди қурбон метавонем қурбонӣ кунем, яъне то намози ғуруби офтоби рӯзи сеюми ид. Албатта ки қурбониро дар рӯз адо кардан беҳтар аст. Дар рӯзи якуми иди қурбон, қурбонӣ кардан афзал аст.
Дар мазҳаби Шофеӣ рӯзи чоруми ид ҳам қурбонӣ дуруст аст.
Дар як қурбонӣ чанд нафар якҷоя шуда метавонанд?
Гусфанд ва бузро танҳо як нафар қурбонӣ карда метавонад. Ҳайвонҳои калонро ба мисоли уштуру говро ҳафт нафар метавонанд якҷо пул ҷамъ карда қурбонӣ кунанд.
Кадом ҳайвонҳо қурбонӣ шуда метавонад?
Қурбонӣ аз гусфанд, буз, уштур ва гов шуда метавонад. Нафаре, ки мурғ, шутурмурғ ва дигар ҳайвонҳоро чун қурбонӣ ҳисоб мекунад, гунаҳгор мешавад.
Албатта ки ба синну сол ва ҳолати саломатии чорво бояд диққат дод. Чорво набояд, кӯр, бемор ва маъюб (ланг) бошад, зеро қурбонӣ ҳисоб намешавад
Баъзе олимон чорвои як чашма ва шохҳои шикастабударо низ қабул надоранд. Агар шохҳои чорво ба хотири зарар надодани худи чорво кӯтоҳ карда бошад, қурбонӣ карда мешавад.
Гусфанд ва буз аз як сола зиёд, гов аз ду сола зиёд ва уштур аз панҷ сола зиёд бояд бошад. Дар мазҳаби Ҳанафӣ ва Ҳанбалӣ барраи 6-7 моҳаи ҷуссадорро (калон) қурбонӣ карда мешавад. Буз бояд, ки як солро пурра кунад.
Ҳайвони ахташуда ҳам қурбонӣ карда мешавад.
Гусфанде, ки модарзод ва ё дар хурдсолӣ аз дум маҳрум шудааст, қурбонӣ карда мешавад. Гусфанде, ки дар ҳодисае бедум монда шуда бошад, қурбонии он ҷоиз нест.
Дар вақти қурбонӣ чиҳоро бояд диққат дод?
Вақти қурбонӣ ҳайвонро набояд азият дод. Ҳайвонро задан аз ахлоқи мусулмонӣ нест. Корди тез ва макони тоза шарт аст. Баъди қурбонӣ кардан, маконро дубора тоза бояд кард. Тозагӣ аз имон аст.
Тариқи асбобҳои барқӣ ва ё беҳуш кардани чорво қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Агар вақти истифодабарии асбобҳои барқӣ чорво бимирад, он гоҳ қурбонӣ ҳисоб намешавад ва хурдани гушти чорво ҳаром аст.
Ҳайвони аз ҳушрафтаро куштан ҷоиз аст ва қурбонӣ ҳисоб мешавад. Рехтан ва ё нарехтани тамоми хуни чорво ҳукмро тағйир намедиҳад.
Қассоб мусулмон ва ё аз аҳли китоб (насронӣ, яҳудӣ) бояд бошад. Вақти қурбонӣ кардан, Бисмиллоҳ гуфтан суннат аст. Бисмиллоҳ гуфтан фаромӯш шавад ҳам, қурбонӣ ҳисоб мешавад.
Нафаре, ки мехоҳад қурбонӣ кунад, нафареро вакил мекунад ва маблағи қурбониро ба он фард медиҳад ва ё равон мекунад ва он фард қурбонӣ мекунад.
Нафаре мехоҳад, ки қурбонӣ кунад, аммо дар дасти дигарон пул дораду дар дасти худ пули нақд надорад, ки чорвое барои қурбонӣ гирад. Он вақт метавонад, чун қарз чорвое гираду қурбонӣ кунад.
Қарз гирифта чорво харидорӣ намуда қурбонӣ кардан ҳам ҷоиз аст.
Ҳар як шахс метавонад, савоби қурбониро ба рӯҳи Расулуллоҳ (с.а.с.), падар ва ё модар ва ё дилхоҳ шахсе бубахшад.
Ҳайвони ҳомиладорро қурбонӣ кардан макрӯҳ аст.
Чорвое, ки барои қурбонӣ кардан харидорӣ карда мешавад, набояд аз пашму шираш истифода кард. Агар истифода бурда шавад, он вақт садақа бояд диҳад.
Агар чорвое, ки дар хонаи худ калон шуда бошад ва онро нияти қурбонӣ кунӣ, пас аз пашму шири он метавонӣ истифода бикунӣ.
Фурӯхтани калла, равған, по, пашм, шир ва пусти чорвои қурбоншуда макрӯҳ аст.
Ба қассоб барои ҳақи куштан, аз гушти қурбонӣ дода намешавад. Ҳазрати Алӣ (р.а.) ривоят мекунад, ки;
« Вақти қурбонии уштурҳо Раулуллоҳ (с.а.с.) болои сари мо истод ва амр кард, ки пустҳо ва пашмҳои уштурҳоро тақсим кунам. Аз узвҳои уштурҳо барои ҳаққи қассобро пардохт кардан, манъам кард. Ҳаққи қассобро мо худамон пардохтем» (Муслим, Адоҳӣ,28; Абу Довуд, Адоҳӣ, 9; Насоӣ, Даҳаё, 37).
Соҳиби қурбонӣ пусти чорворо метавонад барои худ ҷойнамоз бикунад ва ё метавонад ба фақире садақа кунад.
Нафаре, ки имкони қурбонӣ кардан дораду онро амалӣ накунад. Он вақт ба қимати қурбонӣ ба фақирон садақа кунад ва товбаю истиғфор намояд.
Зан ҳам метавонад, қассобӣ кунад.
Қурбонӣ барои ҳоҷиёне, ки дар Макка қарор доранд
Сураи «Бақара» ояти 196:
وَاَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلّٰهِ فَاِنْ اُحْصِرْتُمْ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْىِ وَلَا تَحْلِقُوا رُؤُسَكُمْ حَتّٰى يَبْلُغَ الْهَدْىُ مَحِلَّهُ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرٖيضًا اَوْ بِهٖ اَذًى مِنْ رَاْسِهٖ فَفِدْيَةٌ مِنْ صِيَامٍ اَوْ صَدَقَةٍ اَوْ نُسُكٍ فَاِذَا اَمِنْتُمْ فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ اِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْیِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلٰثَةِ اَيَّامٍ فِى الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ اِذَا رَجَعْتُمْ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ذٰلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ اَهْلُهُ حَاضِرِى الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَاتَّقُوا اللّٰهَ وَاعْلَمُوا اَنَّ اللّٰهَ شَدٖيدُ الْعِقَابِ
«Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад, ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар ки аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!»
Мусулмонҳое, ки барои адои Ҳаҷ дар Макка қарор доранд, танҳо дар ҳамон диёр метавонанд қурбонӣ кунанд.
Гушти қурбонӣ
Ҳадаф аз қурбонӣ кардан, барои ризогии Аллоҳ қурбонӣ кардан аст.
Расулуллоҳ (с.а.с.) тавсия додаст, ки аз гушти қурбониро ба се қисм тақсим намоед; фақирон, ақрабо (шинос, ҳамсоя) ва аҳли байти худ (Абу Довуд, Даҳаё, 10).
Агар ба аҳли байти худ ҳам эҳтиёҷ бошад, метавонад гушти қурбониро куллан ба аҳли хона гузошт.
Нафаре, ки қурбонӣ мекунад, метавонад тамоми гушти қурбониро ба ягон маркази бепарастон, ятимхона ва ё оилаи фақире тақдим кунад.
Хурдани кадом узвҳои чорво ҷоиз нест?
- Олотҳо
- Халтаи пешоб
- Талхадон
- Хуни рехташуда
Қассоб
Қассоб метавонад оятҳои 162-163 сураи «Анъом»-ро тиловат кунад:
قُلْ اِنَّ صَلَاتٖى وَنُسُكٖى وَمَحْيَایَ وَمَمَاتٖى لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمٖينَ
لَا شَرٖيكَ لَهُ وَبِذٰلِكَ اُمِرْتُ وَاَنَا اَوَّلُ الْمُسْلِمٖينَ
«Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён аст. Ӯро шарике нест. Ба ман чунин амр шудаст ва ман аз нахустин мусалмононам».»
Ё ин ки: Сураи «Анъом» ояти 79
اِنّٖى وَجَّهْتُ وَجْهِىَ لِلَّذٖى فَطَرَ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضَ حَنٖيفًا وَمَا اَنَا مِنَ الْمُشْرِكٖينَ
«Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».»
Оятҳои 102-110, сураи «Саффот»
«Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт». Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид, Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим, хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем. Ин озмоише ошкор буд. Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем. Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем. Салом бар Иброҳим! Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!»
Аз номи фавтидагон қурбонӣ карда мешавад?
- Барои савоб ба фавтидае метавон қурбонӣ кард. Расулуллоҳ (с.а.с.) аз номи уммате, ки қурбонӣ карда наметавонанд, қурбонӣ намудааст (Табаронӣ, Муҷамул Кабир, 3/182; Ҳайсамӣ, Маҷмаъуз Завоид, 4/23).
Абу Довуд ривоят мекунад, ки;
- Ҳазрати Алӣ (р.а.) дар рӯзи иди Қурбон ду гусфанд қурбонӣ мекард, ки якеашро ба рӯҳи Расулуллоҳ (с.а.с.) қурбонӣ мекард. Сабаби ҳол пурсон шуданд. Ҳазрати Алӣ (р.а.) фармуд:
«Расулуллоҳ (с.а.с.) бар ман васият карда буд, ки то вақте, ки дар ҳаёт ҳастӣ, қурбонӣ бикун». Ман ҳам ин васиятро тарк намекунам (Абу Довуд, Адаҳӣ, 1; Ҳоким, Мустадрак, 4/255).
Моро ҳам мебояд, ки вобаста аз шароитамон ба рӯҳи дӯстдоштаҳоямон қурбонӣ бикунем. Ин иқдомро, аз Расули Акрам (с.а.с.) сар карданамон афзал аст.
Манъи нохунгирӣ, мӯи сар кам кардан, риш гирифтан
Умму Салама (р.а.) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) фармудааст:
- Ҳар фарде, ки қурбонӣ мекунад, аз вақти нав шудани ҳилоли Зилҳиҷҷа то қурбонӣ кардан, мӯи сар ва нохунҳояшро нагирад (Муслим, Адаҳӣ. 39-42; Абу Довуд, Даҳая, 2-3; ибни Моҷа, Адаҳӣ, 11).
Дар мазҳаби Ҳанафӣ такя ба ҳадиси мазкур, аз намози бомдод то вақти қурбонӣ кардан гирифтани нохун, кам кардани мӯи сар ва ришу муйлаб барои шахси қурбоникунанда макрӯҳ аст.
Чанд рӯз қурбонӣ карда метавонем?
Дар маконҳое, ки намози ид хонда намешавад, пас аз намози бомдод қурбонӣ карда мешавад. Дар маконе, ки намози ид адо карда мешавад, ки пас аз намози ид қурбонӣ шурӯъ мешавад. Қурбонӣ то ғуруби офтоби рӯзи сеюм давом мекунад. То ин муддат шабу рӯз қурбонӣ кардан дуруст аст, аммо дар рӯз қурбонӣ кардан афзал аст. Дар рӯзи якум қурбонӣ кардан афзал аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1