1⃣ Аллома Ибни Обидини Шомии Ҳанафӣ дар шарҳи "Дуррул-мухтор" овардааст:
*"Агар шахсе ибодат кунад Аллоҳро 50-сол баъд аз он ҳадя кунад мушрикеро дар рӯзи Наврӯз як тухме ба нияти иди Наврӯз ба таҳқиқ кофир мешавад ва 50-сола ибодаташ ҳабата мешавад"*
📚 ("Раддул-Муҳтор" ҷилди 5 саҳ 532 ва Ибни Нуҷайми Мисрии Ҳанафи дар шарҳи "Канзуд-дақоиқ" машҳур ба "Баҳрур-роиқ" китоби "Хунсо", саҳ 487 ва Аллома Али Қории Ҳанафӣ дар шарҳи "Мишкотул-Масобиҳ" машҳур ба "Мирқотул-Мафотиҳ" боби идайн саҳ 490-491).
2⃣ Аллома Шабир Аҳмади Усмонии Ҳанафи ки аз хонадони Ҳазрати Усмон разияллоҳу анҳу аст дар шарҳи "Саҳеҳи Муслим" машҳур ба "Фатҳул-Мулҳим" овардааст:
*"Фараҳманд шудан ба иди Наврӯз ва ҷашн гирифтани Наврӯз ҳаром аст. Гуфт Шайх Абуҳафси Кабирӣ Ҳанафи ки ҳадияи тухм ба маҷусӣ дар рӯзи Наврӯзи куфр аст"*.
📚 ("Фатҳул-Мулҳим"
ҷилди 5 саҳ 549).
3⃣ Ҳатто уламои Ҳанафӣ фатво додаанд, ки:
Ва рӯза гирифтан дар рӯзи Наврӯз ва Меҳргон макрӯҳ аст".*
📚 ("Фатовои Ҳиндия" машҳур ба "Фатовои Оламгирия" ва "Нурул-Эзоҳ" ва "Мароқиял-Фалоҳ" ва "Кашфул-Лассом").
4⃣ Дар китоби "Изҳорул-Адилла" саҳ 90 омадааст, ки:
*"Гуфт Абдуллоҳ ибни Амр касе ки ҷашн гирад иди Наврӯз ва иди Меҳргонро ва худро ташбеҳ бо куффор кунад ва бимирад бо ҳамон қавми куффор дар Қиёмат мехезад".*
📚 ("Сунани Кубро" - и Байҳақи таҳти рақами 18643).
🔴 Бидонед эй мусулмонон ки камтарин ҳукми ҷашни Наврӯз ташбеҳ кардани худ аст ба куффори оташпараст; зеро Наврӯз иди оташпарастон аст.
🔵 "Аз Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст ки гуфт Ҷаноби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам:
*"Ҳар касе худашро мисли қавме кунад пас он шахс аз ҳамон гурӯҳ аст".*
📚 ("Сунани Абидовуд" ҳадиси таҳти рақами 4031 саҳ 467 ва "Муснади Аҳмад" ҷилди 2 саҳ 50 ва "Мишкотул-Масобеҳ" ҳадиси таҳти рақами 4347 ва "Ирвоул-Ғалил"-и Шайх Албони ҳадиси таҳти рақами 1269 ва" Булуғул-маром"-и Ибни Ҳаҷари Асқалони ҳадиси таҳти рақами 1282).
⚫ Пас бояд бидонед эй мусалмонони дунё хусусан тоҷикону эрониён ки иди Наврӯз иди оташпарастон аст. Ҳар касе ин идро ҷашн бигирад фардои Қиёмат ҳамроҳи оташпарастон мехезад.
Пас ҳар мусалмонро лозим аст ки аз ин иди оташпарастон парҳез кунад.
Ва дар охир Аллоҳ ҳаммаи мову Шуморо тавфиқи тоъат ва ибодат насиб бигардонад.
Амин!
🌐 Илтимос ин фатворо паҳн кунед!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 70
У "Олимои" овардагит у "китобои" овардагит хамаш дуруг хастанд! Навруз харом нест. Навруз иди точико хаст! Навруз иди Ислом нест танхо иди порсизабонон!
Барои ки як ду араби ахмак да китобошон Навруза Харом меган ту агар точик боши ира бовар намекни! Ту ягон узбаки чийи ту! Ика агар босавод боши, ку бигу, ки Аллох да Курьон дар васфи мардуми точику порс чи гап гуфтааст ва дар кадом сураву оят хаст?
Ту бо ин кадар далелҳо ки бовар накарди барои одами бо хамин қадаруш басанда аст ту ҳамон куре хасти ки чароғ барои ту бе фойда аст.