بسمالله رحمانی رحيم
✏️Ҳукми издивоҷ аз дидгоҳи шариат дар баъзе ҳолатҳо воҷиб, дар баъзе ҳолатҳои дигар суннат, ҳамчунин мубоҳ ва ҳатто макрӯҳ низ мегардад.
1️⃣ ВОҶИБ - воҷиб буданаш дар шароитест, ки чун шаҳвати инсон зиёд асту агар издивоҷ накунад, шояд муртакиби гуноҳ, яъне зино, лавота, худирзои ё дигар кори ҳаром бишавад.
📝Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
"فَانكِحُوا مَا طَابَ لَكُم مِّنَ النِّسَاءِ..."
"...Пас аз заноне, ки шуморо хуш ояд, издивоҷ бикунед..."
📓Сураи Нисо ояти 3
📝Расули Акрам саллаллоҳу ъалайҳи васаллам мефармояд:
"إذا تَزَوَّجَ العَبْدٌ فَقَدِ اسْتَکْمَلَ نَصْفَ الدَّينِ فَلْيَتَّقِ الله في النَّصْفِ الباقِي"
"Шахсе ки издивоҷ бикунад нисфи динашро комил кардааст, пас дар нисфи боқимондаи динаш аз Аллоҳ битарсад"
📚(عن انس مرفوعه رواه الطبراني و البيهقي فى شعب الإيمان 4/382، حىيث رقم 5486
✍🏻Уламои киром ба оятҳои Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ назар карда гуфтаанд ки корҳои зишт, мисли зино ва лавота дар шариат ҳароманд ва худдорӣ намудан аз ҳаром воҷиб аст. Аз ҳамин лиҳоз, издивоҷ, ки сабаби дур будан аз ҳаром шуда метавонад, ҳукмаш воҷиб аст, то бо сабаби издивоҷ, шахс аз корҳои ҳаром парҳез карда тавонад.
- Ин воҷибияти никоҳ бар ӯҳдаи ашхосест, ки қудрати издивоҷ карданро доранд, яъне ба адои маҳр, нафақа ва таъмини манзили зист қодиранд. Аммо ашхосе, ки ба адои маҳру нафақа қодир нестанд, издивоҷ бар онҳо воҷиб нест.
❗Дар инҷо суоле ба миён меояд, ки пас ин ашхос чи кор бикунанд, то муртакиби гуноҳ нашаванд❓
✏️Ҷавоб бар эшон чунин аст: Чунин ашхос бояд яке аз ин амалҳои зеринро ихтиёр намоянд:
1) Агар ба издивоҷи духтари бокира қодир нест, вале издивоҷ бо зани шавҳардида барояш муяссар аст бо чунин зан издивоҷ бикунад гарчанде ки он зан аз вай ба сину сол бузургтар ва соҳиби чанд фарзанд бошад. Зеро пешвои башарият ҳазрати Муҳаммад соллаллоҳу ъалайҳи васаллам, ки барои умматонаш беҳтарин улгӯ буд, ҳангоми 25- солагиаш бо модари муъминон ҳазрати Хадича разияллоҳу ъанҳу издивоҷ кардааст, ки он вакт модарамон Хадича 40 сол умр доштанд ва соҳиби чанд фарзанд буданд.
2. Бо сабру таҳаммул ва ҷаҳду кӯшиш барои ҳосил кардани пулу мол аз Аллоҳ таъоло бояд талаб намояд, то пайдо намудани маҳру нафақаро барояш осон гардонад. Зеро розигӣ ва ёварии Аллоҳ бо шахсест, ки дар амалҳои дину дунё сабркунандаанд:
"إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ"
"Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бо собирон аст"
📓Сураи Бақара ояти 153
3) Иқдом ба амале бикунад, ки сабаби паст шудани шаҳвоният бишавад. Яъне шахс бо тоату ибодат, касбу кор ва меҳнати ҳалоли пурмашаққат, ки боиси масрафи зиёди нерӯ ва қудрати ҷисмонӣ мебошад, машғул гардад. Чуноне бароямон маълум аст, аз ҷумлаи василаҳои муфид барои кам кардани шаҳват рӯза доштан аст ва дар ин мавзӯъ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи вассаллам мефармоянд:
"يَا مَعْشَرَ الشَّبَابِ مَمِ اسْتَطَاعَ مِنکُمُ البَاءَةَ فَليَتَزَوَُجْ ومَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَعلَيهِ بِالصَّوْمِ فَانَّهُ لَهُ وِجَاءَ"
📚متفق عليه عن عبد الله بن مسعود مرفوعه...
"Эй ҷамъияти ҷавонон, ба касе аз шумоён масорифи издивоҷ муяссар аст, пас бояд издивоҷ бикунад! Аммо касе чунин қудрат надошта бошад, пас бояд рӯза бигирад, чун рӯза сабаби ҳифзи вай хоҳад шуд"
✍🏻Зиндагии муштараки заношӯӣ масъулияти бузургро талаб мекунад, аз ҳамин лиҳоз, ашхосе, ки барои издивоҷ намудан шароити молияви надоранд, беҳтараш то муҳайё кардани шароити мусоид аз издивоҷ худдори намоянд.
- Тасдиқи ин гуфтаҳо ояти 33-сураи Нур мебошад, ки дар он Худованд чунин фармудааст:
وَلْيَسْتَعْفِفِ الَّذِينَ لَا يَجِدُونَ نِكَاحًا حَتَّىٰ يُغْنِيَهُمُ اللَّهُ مِن فَضْلِهِ
"Ва онон ки василаи никоҳ намеёбанд, бояд ки покдоманӣ устувор бошанд, то он ки Худованд онҳоро аз фазли худ тавонгар гардонад.."
📝Суннат - будани издивоҷ дар ҳолати эътидол аст, яъне дар ҳолатест ки шаҳват зиёд набошад ва худро аз амалҳои зишт Зино, лавота ва худирзоӣ нигаҳ дошта тавонад. Аммо ба хотири пайрави аз гиромидошти суннати Паёмбарамон Муҳаммад соллаллоҳу ъалайҳи васаллам бояд издивоҷ кард.
✏️Дар ин мавзӯъ Саъд ибни Аби Ваққос разияллоҳу ъанҳу чунин ривоят кардааст:
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев