Падараш ба ӯ як кило мех харида оварду гуфт: Писарам, ҳар вақто ки ғазаб кардӣ ё бо касе ихтилоф кардӣ дар девори ошхона як мех бизан! Дар ҳафтаи аввал писарак 35 мех зад. Дар ҳафтаи дуюм 25 мех. Дар ҳафтаи сеюм 10 мех. Писарак кӯшиш мекард, ки ҳангоми ғазаб худро ба даст гирад, то ки адади мехҳо кам шавад ва дар ҳафтаи чорум писарак дар девор ягон мех назад, чунки мех задан барояш хело душвор буд . Ба назди падараш рафт ва падарашро хабар дод, ки ин ҳафта ягон мех назадам, чунки кӯшиш кардам, ки ғазаб накунам. Падараш гуфт: Акнун бирав ва ҳар рӯзе ки ғазаб намекунӣ як дона мехро аз девор бикан! Писарак ҳар рӯз як мехро меканд, то ин ки мехҳо тамом шуданд ва назди падараш омаду гуфт: Ҳама мехҳоро кандам. Падар фарзандашро ба назди деворе, ки мехҳоро зада буд, бурд ва гуфт: “Писаракам кори хубе кардӣ ва лекин бубин агарчанде ки мехҳоро кандӣ, лекин сурохҳо ҳанӯз боқӣ мондааст”. Пас ҳангоме ки байни ту ва дигарон ихтилоф мешавад ва ту онҳоро бо забонат меранҷонӣ ба монанди ҳамин сурохӣ аст, ки бо задани мех дар девор пайдо шудааст, агарчӣ мехҳоро кандӣ, вале осори мех ҳанӯз ҳам дар девор боқист.Қалбҳои мардум низ ҳамчунин ҳастанд, агарчанде баъди ғазаб ва сухани бад гуфтанат узрхоҳӣ кунӣ боз ҳам асари суханат дар қалби мардум боқӣ мемонад. Ин усули тарбияи падар ба писар хело таъсир кард ва писарак дарк кард, ки дили чӣ қадар инсонҳоро ранҷонидааст ва тасмим гирифт, ки ҳаргиз ғазаб нахоҳад кард. Марде назди расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) омаду гуфт: Эй расули Худо насиҳатам кун! Расули Худо (с) фармуданд: Ғазаб макун! Иршодоти расули акрам (с) ҳангоми ғазаб. 1. Агар рост бошӣ бинишин 2. Аъузу биллаҳи минаш шайтонир раҷим бигуй. 3. Вӯзу бисоз. 4. Ҳангоми ғазаб сукут кун. Бисёр ҳолатҳое мешавад ки инсон бо як ғазаб як умр пушаймон мешавад. Бо як ғазаб зани худро талоқ медиҳад. Бо як ғазаб равонаи зиндон мешавад. Бо як ғазаб калимаи куфрро мегӯяду вориди оташи ҷаҳаннам мешавад. Худовандо ба сӯи ту аз ин сифати паст паноҳ мебарем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев