Кӯҳи олам бод кардам дар талоши зиндагӣ.
Қоматам хам гашт чашмам хира по ларзон шуд,
Ҷанг по фулод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳарчи кардам зора кардам ҳеҷ рози нашуд,
Тарки илму устод кардам дар талоши зиндагӣ.
Рози дил ногуфта монду дарди дил пинҳон шуд,
Маърака обод кардам дар талоши зиндагӣ.
Чор тараф дар тагу тозам кай илоҷ кунам,
Ҳамчу мург фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Дар даҳон дандон намонд, ки нони бе миннат хурам,
Нафси худро шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Ҳар сахар мехезаму рӯ сӯи Қибла мекунам,
Сабри худ пайдо кардам дар талоши зиндагӣ,
Гардани каҷ мунтазири пеши номардон шудам,
Душмани худ шод кардам дар талоши зиндагӣ.
Эй бародар ҳеҷ гоҳ ғофил зи ёди Ҳаҷ мабош,
Дарси дил имдод кардам дар талоши зиндагӣ.
Кори Ҳақ-ро пеша гиру дар байни ноаҳлон машин,
Дер боз фарёд кардам дар талоши зиндагӣ.
Хотири хеш ҷамъ дор эй дуст осуда бош,
Бо фақирон ёр бош дар талоши зиндагӣ!
✍️Аҳмади Ҷомӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев