Ҳамин тақдирро тадбир мекардам.
Ҳама вайронаҳои рӯзгорамро
Ҳамекардам иваз,
Ҳадди ақал таъмир мекарадм.
Ҳама бадхоҳро аз зиндагиям пок мекардам,
Ва зеҳни хешро аз будашон тақтир мекардам.
Фано мекардам аҳли нафрату бухлу хиёнатро,
Ба ҷояш ростиро, ишқро тасвир мекардам.
Заминро бо ҳазорон тарҳи нав таҳрир мекардам.
Агар ман метавонистам...
Разолатро ба дунё раҳ намедодам,
Ҳамеруфтам пайи пойи хиёнатро.
Касофатро зи дунё пок мекардам,
Ҳамоқат зери даҳ ман хок мекардам.
Агар ман метавонистам...
Мезадам оташ саробустони ҷаннатро,
Алоби норро хомӯш мекардам.
Худоро менамудам дӯст бо мардум,
Ва дилҳоро зи ишқи он Худо дар ҷӯш мекардам.
Агар ман метавонистам...
Ба ранги зард дар падруд мебудам,
Заминро аз муҳаббат сабз мекардам.
Зи дунё дур мекардам хурофотрову ифротро,
Ва исломи ҳақиқиро ба вирди ҳар сару ҳар набз мекардам.
Агар ман метавонистам...
Зи оини ватандорӣ ба мардум дарс мегуфтам,
Ватан. ин номуси ҳар марду ҳар нотарс мегуфтам.
Ва мегуфтам Ватанро пост бояд дошт ҳамчун ҷон,
Ватандорист ҳам виҷдону ҳам ислому ҳам имон.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6