🍃Азизам рост гу боре ту ёрам мешави ё не,? Шукуҳи боғу гулзорам мешави ё не?. Дили ман беқарор аз ташнагиҳои висоли туст, ,Қарори ин дили дер иннтизорам мешави ё не,?Замини хушкаму не ҳосилам бе лутфу боронат. Барои нуши лабҳоям чашмасорам мешави ё не,?Кабутар гар шавам парвоз созам авҷи гардунҳо』Самои каб-кабуди беғуборам мешави ё не,?Дилам муштоқи гулҳои ҷавони аст·Бигу боре нигори гулозорам мешави ё не,?Дилам сард аст аз танҳоиҳои бе ту афзурдан·Даруни синаам шуру-шарорам мешави ё не?,?Парешешонтар зи муйҳои парешони туям бе ту·Нигори кокули марғуладорам мешави ё не,?Бигу боре шабҳо бидуни ман чи ҳол дори,·Шаби бехобият интизорам мешави не ?Зи лабханди ту бар руям кушояд нуқтаи корам·Ба кору бори ман авҷу барорам мешави ё не,?Даруни синаат ишқам чу ганҷи пурбаҳо бошад.Ҳамеша дар дилат ганҷинадорам мешави ё не,?Барф орам ба суят талъати ишқу муҳаббатро.Нигоринам бигу ойинадорам мешави ё не,?Ман аз таҳоиву аз даҳшати таҳои метарсам.Сафобахшандаи шабҳои торам мешави ё не,?Бихоҳам дар канорат бошаму оғуши ту гирам.Ту то субҳи содиқ дар канорам мешави ё не,?Ман он рузе шавам бистари дар сояи пири.Ба ҷисми нотавони ман мадорам мешави ё не,?Агар мирам як рузе ба хоки тираам монанд.Дуохон бар сари санги мазорам мешави ё не.?Мани шайдо бихоҳам то абад бо ҳам бимонем.Нигаҳдори ҳамин аҳду қарорам мешави ё не!!🌿〽️♾
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3