Боркаше(нафаре, ки бо пушташ бор мекашад) дар намозаш доимо дуо мекунад, ки:
«Эй Худо! Ба ман ҳар чи ки диҳӣ, хайрашро деҳ. Порае ноне ҳам бошад, хайрашро деҳ».
Рӯзе аз боркаш суол карданд:
- Чаро ту баъд аз намоз доимо ҳамин дуоро мехонӣ?
Боркаш:
- Ман бо боркашӣ ризқамро таъмин мекунам. Рӯзе бори нафареро бурдам ва соҳиби бор ба ман ҳақамро дод. Ман ҳам нон гирифта арақи пешониямро тоза карда нонро нӯши ҷон мекардам. Баъдтар чунин дуо кардам:
- Худоё! Чи мешуд, ки заҳмат нокашида, дар ҷоям нишаста ва нон пешам ояду бихӯрам.
Дуоро тамом кардам, ки ду нафаре бо ҳам ҷанг карданд. Хостам онҳоро ҷудо кунам, ҳамин лаҳза муште ба даҳони ман расид. Чеҳраам хунолуд шуд. Масъулин омаданд ва маро чун ҷангкунанда ҳамроҳи онҳо бурданд. Зиндониям карданд. Дуоям қабул шуд ва нонро пешам меоварданд, аммо ман дар зиндон будам. Баъди он дарк кардам,ҳама чизро хайрашро бояд талаб кард.
***Баъзан инсонҳо пас аз табобатҳои бепоён ҳам соҳиби фарзанд намегарданд ва даст ба шикояти тақдир мекунанд ва фикр намекунанд, ки аз Аллоҳ Таъоло хайрашро талаб бояд кард. Банда, худ шоҳид ҳастам аз рӯзгори як марди саховатманд, ки писараш мубталои моддаи нашъадор буд ва дидам, ки падар мегуфт, «Кош бефарзанд мебудам».
Ҳазрати Исо (а.с.) назди дарёчае рафт ва он ҷо дид, ки ҳама кӯдакон шиноварӣ доранд, ба ҷуз кӯдаке, ки кур буд. Дуо кард, то Аллоҳ чашмашро бино кунад. Чашми кӯдак бино шуд ва дохили об шуда, ҳамаро зери об карда кушт.
Ҳазрати Исо (р.а.) гуфт:
- Аллоҳам ту худ доноӣ!
*** Фарз кардем, ки соҳиби фарзанд шудем. Агар фарзанд бад шаваду зарари ҷомеъа гардад ва доғи волидайн гардад, ки ҳатто рӯзи қиёмат масъули фарзанд ҳастӣ, чи хоҳем кард?
Аз ин хотир, вақти фарзанд талаб кардан ҳам, хайрашро бояд талаб кунем. Молу мулк ва ҳар он чӣ ки диламон мехоҳад, аз Аллоҳ Таъоло хайрашро бояд талаб кард.
Аллоҳ хайрашро ба мо насиб гардонад.
(ХУДОБАХШАД) ХАМАИ МОХОНРО
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев