Гар ҳазорон дом бошад дар қадам ,
Чун ту бо моӣ набошад ҳеҷ ғам.
Худоё самимона шукрат !
Ассалому алайкум...
Субҳатон ба хайр !
Эй он кӣ талабгори Худоӣ ба худ о ,
Аз худ биталаб к-аз ту Худо нест ҷудо .
Аввал ба худ о , чун ба Худ-оӣ ба Худо,
Иқрор биёрӣ ба Худоии Худо .
Лаҳзаҳо мегузаранд...
Гарм бошему пур аз фикри умед,
Ишқ бошему саросар хуршед.
Зиндагӣ ҳам- ҳамаи мубҳами аз рад шудани хотираҳост ....
Ҳар куҷо хандидему ҳар куҷо хандондем, зиндагонӣ он ҷост .
Мо худи табиат ҳастем :
Ба қавли ҳазрати Мавлоно.
Эй нусхаи номаи Илоҳӣ ки туӣ,
В- эй оинаи ҷамоли шоҳӣ ки туӣ.
Берун зи ту нест ҳар ончи дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб ҳар ончи хоҳӣ ки туӣ.
Яке аз зеботарин шоҳкорҳои Мавлоно.
Он кас ки бидонаду бихоҳад, ки бидонад,
Худро ба баландои саодат бирасонад .
Он кас бидонаду бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бо кузаи обаст, вале ташна бимонад.
Он кас бидонаду надонад, ки бидонад,
Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад!!
Он кас надонаду бихоҳад ки бидонад,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад!!
🏺🌹🏺🌺🌺🌺🌺🌸💐🌸🌺🌺🌺🌺🏺🌹🏺
Лаззатбурданро ёдамон надоданд...
Аз гармо менолем аз сармо фирор мекунем, дар ҷамъ аз шулуғӣ калофа мешавем ва дар хилват аз танҳоӣ буғз мекунем.
Ғофил аз ин ки зиндагӣ ҳамон лаҳазоте буд, ки мехостем бигзарад.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Нимо Юшиҷ дар таваллуди яксолагии фарзандаш навишт.
Фарзандам !
Як баҳор , як тобистон, як поиз ва як зимистонро дидӣ....
Аз ин пас ҳама чиз такрорӣ аст, ба ҷуз муҳаббат ва меҳрубонӣ.
Умедворем Иди хуберо дар саҳфаи хотирот нақш карда бошед. Шодиву шавқи атфол қалби шуморо ғарқа дар шодӣ карда бошад !
Субҳи сафобахши дигар...
Умеди дигар...
Хуршеди хушбахтии дигар бар боми дилҳоятон рутобӣ кунад !
☘️☘️🏺🌹🌦️🪟🪟🪟❤🪟🪟🪟🌦️🌹🏺☘️☘️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев