Предыдущая публикация
Куҷои нури чашмонам, куҷоӣ.
Шудам пазмони дидори ту имрӯз,
Муҷиби рози пинҳонам, куҷоӣ.
Ба ҳар сӯ бингарам то боз оӣ,
Назар кун сӯи чашмонам, куҷоӣ.
Ниҳодам сар ба рӯи бистари ҳаҷр,
Ба дарди ишқ дармонам, куҷоӣ.
Машав ғофил ту аз ҳоли мани зор,
Ки бе ту зору ҳайронам, куҷоӣ.
Баҳори интизори мерасад боз,
Хазонам сабзазоронам, куҷоӣ.
Дар ин ғурбатсаро дони, ки чунам,
Парешонам, Парешонам, куҷоӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 62
Намегуфти чунин ашори зебо.
Зи баҳри илми у як қатра обе,
Насибат шуд, ки дарёи сароби.
Ту андар мактаби Пайруд хонди,
Саманди илми худ ҷое расонди.
Бикарди нуш андар оби Пайруд,
Шуди ҳамсуҳбати арбоби Пайруд.
Гирифтасти зи Арғон дарси бисёр,
Зи илми шоиреву шеру ашор.
Ки акнун шоири воломақоми,
Чу шайдо хушзабону хуш каломи.
Навис дар васфи Пайруд чанд байте,
Бимон он дам ба чанден навъ сайте.
Ба ин гуфтори пеҷ дар пеҷ Аббос,
Ҷуз ин аз ту нахоҳад ҳеҷ Аббос.
Аз ӯ бишнида бошад шеъри зебо.
Бале шогирди ӯям сарфарозам,
Надидам дир боз устоди худро.
Ба ҷустан мешавад ҳар чиз пайдо.
Бегу ки аз кист аст он байти боло?
Замоне аз куҷое хондам онро.
Наҷустам баҳри он, ки нест инҷо.
Агарчи бошад у он тарфи дунё.
Макаш фарёд то авҷи сурайё.
Ки гуяд инчунин зебову воло.
Агарчи у надорад боку парво.
Сухандону сухангую тавоно.
Набошад шоиремонанди шайдо.
Вале ҳар қатра дорад қадри воло.
Ҳама бар ҷои худ аммо на Шайдо.
Бароям бас чу бинам боре уро.
Дар ин умри ки дори бас таманно.
Писанди туст он ҳарфу суханҳо.
Вале ман дигареро меписандам,
Бароям беҳтарин асту гуворо.
Бигӯ меҳмони мо гарданд инҷо.
Расад чашмам ба он чашмони шаҳло.
Чи ҳам гуям дар он як лаҳза дидор,
Зи дарду ғуссаву андуҳу ғамҳо.
Нагуям ҳеҷ ҳарфеву дар он дам,
Кунам уро тамошову тамошо.
Бувад шояд яке шогирди шайдо.