Предыдущая публикация
Меравам ночор акнун ман зи оғӯшат, писар,
Мениҳам бори ғаму андӯҳ бар дӯшат, писар.
-Гар расӣ онҷо, падарҷон, зуд зангам мезанӣ?
-Ман падар ҳастам, чаро созам фаромӯшат, писар?
Боз меоям канорат, боз бо ҳам мешавем,
Мон, ки доим сурх монад рӯи гулҷӯшат, писар.
Пеши ҳар нокас машав сархам ту аз рӯи ниёз,
Ҳалқа кун панди маро як умр бар гӯшат, писар.
Рози худ ифшо макун ҳаргиз ба ашхоси палид,
Канда шуд гар ногаҳонӣ банди попӯшат, писар.
Меравам, аммо фурӯзонӣ чу оташ дар дилам,
Марги ман беҳ, гар кунам як лаҳза хомӯшат, писар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев