Предыдущая публикация
Не ёру на ғамхор, на кас маҳрами асрор, Ранҷурию маҳрумию ҳирмон ба кӣ гӯям? Ошуфта шуд аз қиссаи ман хотири ҷамъе, Дигар чӣ кунам, ҳоли парешон ба кӣ гӯям? Гӯянд табибон, ки бигӯ дарди худ, аммо, Дарде, гузаштаст зи дармон, ба кӣ гӯям? Дарде, ки маро сохта расво ҳама донанд, Доғе, ки маро сӯхта пинҳон, ба кӣ гӯям? Андӯҳи ту ногуфтаю дарди ту ниҳон беҳ, Ин пеши кӣ зоҳир кунаму он ба кӣ гӯям? Халқе ҳама бо ҳам сухани васли ту гӯянд, Ман бекасам, афсонаи ҳиҷрон ба кӣ гӯям? Даври тараб, афсӯс, ки бигзашт, Ҳилолӣ, Даври дигар омад, ғами даврон ба кӣ гӯям? (Бадриддин Ҳилолӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2