Ассалом, эй сунбули муи ту "Вал - лайлу сач,о".
Ассалом, эй чашми мастат рамзи "Мо зог'-ал -басар",
Бо х,азорон фитнаву шухи рабуд дилх,о зи ч,о.
Ассалом, эй шах,савори арсаи кавну макон,
Ёфт аз файзи к,удумат, оламу одам наво.
Ассалом, эй тутии хушлах,ч,аи "Ло так,нату",
Аз фасохат шаккарафшони ту дар х,ар ду саро.
Ассалом, эй точ,дори маснади шаръи мубин,
Нусрати "Насрум-миналлох,и" туро карда ато.
Ассалом, эй андалеби гулшанорои вуч,уд,
Рамзи асрори х,ак,ик,атро ба худ дори наво.
Ассалом, эй боиси эч,оди кавнайн омади,
Бар бисоти "Фонзиру" сох,иби х,ар х,илму х,аё.
Ассалом, эй муъч,изат изх,ори дину миллат аст,
Васфи "Вашшак,к,ул-к,амар" - ро ёфт ангуштат намо.
Ассалом, эй Хоч,аи "Лавлок"- у Ч,ибрили Амин,
Гашт х,ам меъроч,и "Субх,оналлази асро" туро.
Ассалом, эй бар сарири "Ли маъаллох," ч,ои ту,
Дод авч,и иззатат бар маснади к,урбат вило.
Ассалом, эй Сайиди содоту фахри коинот,
Зубдаи авлоди Одам, ашрафи халк,и Худо.
Ассалом, эй бадри оламтобу хуршеди фалак,
Шуд "Алам нашрах," сафои синаатро мунч,ало.
Ассалом, эй боргох,и к,удсро хиватнишин,
Роздону розгу бар Х,азрати Ч,алли Ъало.
Ассалом, эй рах,матан- лилъоламин, хайруланом,
Умматонро аз ту уммеди шафоъат дар ч,азо.
Ассалом, эй х,алк,аи лаъли лаби ч,онбахши ту,
Бах,ри беморони куи иззатат бошад шифо.
Ассалом, эй мазх,ари асмои х,усно, сад салом,
Як ъалайкум, то ч,авоб ояд аз он лабх,о туро.
Ассалом, эй гарди наълайни к,удуми ашрафат,
Чашми хунбори Камолиро ба миннат тутиё.
- - - - - - -
Маъхаз: "Накх,ати кух,андиёри Х,афткул". 2008.
Мураттиб: Иброх,ими Нак,к,ош.
* * * * * * *
" Алифнома" - и Камоли.
Эй "Алиф" нахли к,адат, зиннатдех,и гулзорх,о,
"Бе" балогардони х,уснат, андалеб асрорх,о.
"То" таманнои лаби лаъли ту дар дил доштам,
"Се" сано гуям туро дар кучаву бозорх,о.
"Ч,им" ч,амоли ояти "Ваш-шамс"- и руят дидаам,
"Х,е" х,аёи чашми мастатро дих,ад ахборх,о.
"Хе" хати пушти лабат шуд сабзаи бог'и ч,инон,
"Дол" гардид к,оматам аз фикри он гуфторх,о.
"Зол"- и зикрат бар забони инсу ч,ину х,ам малак,
"Ре" риёзи гулшани фирдавсро ашч,орх,о.
"Зе" замони "К,оба к,авсайн"- и туро дидам аён,
"Син"- и сарви к,оматат дар ч,илва аз рафторх,о.
"Шин" шифои ч,они мах,ч,урони х,ич,рони г'амат,
"Сод" сайёди дили ошуфтаву беморх,о.
"Зод" зиёи мех,ри рахшони ту дар олам намуд,
"Итк,и" "То х,о" файзбахши олами анворх,о.
"Изг'и" изх,ори шариъат кард дар руи замин,
"Ъайн"- и илмат дар зух,ур омад, аён шуд корх,о.
"Г'айн" г'айратро бурун андохт аз хилватсаро,
"Фо" фазои олами тах,к,ик,ро осорх,о.
"К,оф" к,урбатошёну шох,ини лох,утсайр,
"Коф" куфри нори зулфат бар миён зуннорх,о.
"Лом" лутфи оми ту сарпуши х,ар некусиришт,
"Мим" "Мо зог'ал - басар" шуд рах,зани аг'ёрх,о.
"Нун" навосози дили мутриб ба базми бехуди,
"Вов"- и васлат мебарад з - оинах,о зангорх,о.
"Х,о" х,авои куи ту дар сар маро х,ар субх,у шом,
"Лом алиф" гардидаам аз шавк,и он гулзорх,о.
"Ё" нидои "изну минни" бо Камоли мезанад,
Бе сару по медавад бо дидаи хунборх,о.
- - - - - - -
Маъхаз: Накх,ати кух,андиёри Х,афткул. 2008.
Мураттиб: Иброх,ими Нак,к,ош.
* * * * * *
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев