Предыдущая публикация
Ҳафт фарзанди ғариби Ватанам бурд аҷал, Теғи андӯҳ қазо зад ба тану ҷони Ватан. Рафта аз домани Меҳан ба суроғи лаби нон, Ҷумла гаштанд вале бенасиб аз нони Ватан. Ҳафт тобут расад бар Ватан аз кишвари Рус, Ҳафт тобути лаболаб ғами армони Ватан. Боз нолад зи ҷавонмаргии дилбанди ғариб, Модари хунҷигару хаставу пазмони Ватан. Оҳу фарёди падар мешавад аз дард баланд, Дарди нав зам бикунад бар дили бирёни Ватан. Дилбари дида ба раҳ аз аламу сӯзи фироқ, Ашк резад ба рухаш ҳамчу Зарафшони Ватан. Ман аз ин ҳодиса фарёд занам то ки Худо. Гардад огоҳ зи аҳволи парешони Ватан. То ба кай ҳамватанам хору муҳоҷир шавад, Кист донад, ки чӣ бошад раҳи дармони
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2