Гар ки аз ман беҳтареро ёфтаи дар содиқи, Хушдаму хушбахт боши, ман дуоят мекунам. Ҳеҷ гоҳе бад нагуям аз пасат, фориғ бош Ҳар чи неки аз кафам ояд, бароят мекунам. То ки ранҷ аз ман набини, шод бошад қалби ту, Меравам аз роҳату аз ғам раҳоят мекунам. Гар ки хушбахтии ту бо рафтани ман сар занад, Меравам, хушбахтиҳоямро атоят мекунам. Гар дили нозуки ту озурда аст аз ишқи ман, Ман зи куят меравам, аз ғам ҷудоят мекунам. Ту бароям орзуи зиндаги буди - ширин, Бевафои карди, аммо ман сахоят мекунам. Мебарам ҳастии худро аз суҳуфи зиндагит, Ишқу бахтамро, азизам, хоки поят мекунам. Будани ман дар канорат тираги гар оварад, Хешро чун шамъ сухта, пурсафоят мекунам. Як даму як лаҳзае аз хотирам берун найи, Ёди ҳар як хандаву ҳар гуфтаҳоят мекунам. Гарчи месузам зи ғамҳоят, машав ташвиш ҳеҷ, Рафта-рафта одате бар дардҳоят мекунам. Гарчи қалбамро шикасти, эй азизи нозбу, Бахшише бар ҳар гуноҳу ҳар хатоят мекунам. Хуни ошиқ рехтан бошад гунаҳ дар ошиқи, Рехтани хуни маро, ман худ равоят мекунам. Ҳеҷ гоҳ аз ман макун ёде, мабош дар фикри ман, Заҳмате бар худ маёвар, илтиҷоят мекунам. Мешавад рузе пушаймон гашта, бар қадрам раси, Ман ҳаволат он замон, ҷон, бар Худоят мекунам. Гар ки Шайдоро паси поят зади, майлаш, бирав, Нек бимону хуш бизи'!- аз пас нидоят мекунам!... Пт 09:1
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
мекунад.Дидани ёди ту дорам рох дури
мекунад.