Ин шеъри ҳаҷвӣ барои онҳоест, ки мераванду дар Россия оила барпо менамоянд ва дигар ёди зану фарзанди худ намекунанд...
ЗАН
Қирут куна Саймурод,
Мора намекунӣ ёд?
Чанд сол шуд намеоӣ,
Худо инсофут надод?
МАРД
Эй занакҷон, ассалом,
Нагӯ ту ҳарфҳои хом.
Тез гап зан чӣ мехоҳӣ?
Пулом мешава тамом.
ЗАН
Унҷа чӣ мефурӯшӣ?
Ё дар ферма говҷӯшӣ?
Вақте ма пулут пурсам,
Гӯш мекунӣ, хомӯшӣ.
МАРД
Э занак, бинокорум,
Ай ҳамин кор безорум.
Пулмона надодиян,
Дар киса тин надорум.
ЗАН
Бачаҳо калон шудан,
Ҳама мактабхон шудан.
Ба оча ёрирасон,
Як роҳати ҷон шудан.
МАРД
Ана бикун шукрона,
Макун ҳар хел баҳона.
Омаданамро занак,
Имсол Худо медона.
ЗАН
Мардак мегум кам биханд,
Ба ту намешава панд?
Имрӯз миём ё пагаҳ,
То кай ту мекунӣ фанд?
МАРД
Ҳавои инҷа сард аст,
Дилам ҳам пур аз дард аст.
Касе, ки дурӯғ мега,
Ба Худо, ки номард аст.
ЗАН
Чиба туву ман дорӣ?
Ту лабу даҳан дорӣ?
Хабар омадай инҷа,
Меган унҷа зан дорӣ?
Номи занут Наташа,
Ё Мария, ё Даша?
Худо мегум, ки занта
Хоки сияҳ бикаша.
МАРД
Не ман туву ман дорум,
Ростай, инҷа зан дорум.
Инҷа бе зан намеша,
Манам ҷону тан дорум.
Якбор бикун андеша
Охи бе зан намеша.
Иҷора пули қимат,
Хов кунам ма дар беша?
ЗАН
Инҷо мо гушнаи зор,
Ту боши оғӯши ёр.
Кудако пойи лучанд,
Кори ту унҷа шикор?
МАРД
Ҳама дар ҳамин ҳолай,
Муҳоҷир худ беболай.
Ғам нахур эй занакҷон,
Занум-- як калонсолай.
Мехрона, мепӯшона,
Надорум ғами хона.
Ба наздики меоям,
Карда ягон баҳона.
ЗАН
Бозори ту дар ҷушай,
Кори ту айшу нушай.
Дар пои бачаҳакот,
Фақат як қоқкалушай.
Духтарот фатта меган,
Куртаву латта меган.
Мардаки ҳамсояро,
Ягон рӯз ата меган!
МАРД
Э занак намо бовар,
Нигаҳ кун хонаву дар.
Имрӯз не пагаҳ миём,
Мо ҳам охи шери нар!
ЗАН
Не яку ду мекунум,
Худма хушру мекунум.
Агар имсол наоӣ,
Ба Худо шу мекунум!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев